Сомонаи пешина | Дш, 23 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

"ОШИ ПАЛАВ" ДАР ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрӯза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст». Дар ин робита, барои ҳифзу нигоҳдории мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабл аз ҳама, бо қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи ин мерос гузошта шуд.
Хурсандибахш аст, ки ду намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: «Оши палав» ва «Наврӯз» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 28 ноябр ва 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳумини байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт шуданд. Ёдовар мешавем, ки намунаи дигари фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик «Шашмақом» ҳанӯз соли 2008 (муштарак бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба ин феҳрист шомил шуд.

Дар таҳия ва тарҷума намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба номинатсияи «Оши палав» саҳми ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории олими шинохтаи тоҷик Дилшод Раҳимов хеле назаррас мебошад. Зери роҳбарии ӯ аз соли 2013 дар пажӯҳишгоҳ гурӯҳи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» фаъолият мекунад. Дар ин гурӯҳ Н. Қличева, А. Аминов ва З. Холмуродов низ шомил буда, дар таҳияи номинатсияҳои мазкур ва «Чакан – санъати гулдӯзии тоҷикон» хидмат кардаанд. 
Бо мақсади таҳияи ҳуҷҷатҳои «Оши палав» ҳайати мазкур ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, ноҳияҳои водии Ҳисор сафари хидматӣ анҷом дода, бо теъдоди зиёди ошпазҳо ва ҳунармандони халқӣ ҳамсуҳбат ва маводи зиёди эмпирикиро ҷамъоварӣ намуданд. Инчунин, таҷрибаву малакаи ошпазҳои ошхонаву тарабхонаҳои шаҳри Душанберо мавриди омӯзиш қарор доданд. Воқеан, оши палав таъоми на танҳо маҳбуб ва серғизо мебошад, балки он як навъ хӯроки муттаҳидкунандаи мардум буда, ҳамчун таъоми серистеъмоли ҷашну маросимҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аз ҷониби ин гурӯҳ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» тартиб дода шуд, ки он 515 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро дар бар мегирад ва соли ҷорӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ аз чоп баромад. Иловатан аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ 2 шумораи сисилакитоби «Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик» имсол аз чоп баромад, ки натиҷаи экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносии олимони ин муассисаро дар бар мегиранд.