Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки донишҷўи Коллеҷи санъат дар озмуни байналмилалии вокалӣ

 

Донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ба номи Аҳмад Бобоқулов» Меҳрона Ғайбуллоева барои иштирок дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ты супер» бо дархости ширкати телевизионии «Телекомпания НТВ»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафарбар карда шуд.
Бояд қайд кард, ки намоиши телевизионии Озмуни мазкур аз 10 феврали соли 2018 тариқи шабакаи телевизионии НТВ оғоз меёбад. Дар он 82 навраси 8-18 сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Олмон ва Сурия иштирок хоҳанд кард.
Ба ҳайати ҳакамони озмун Артисти халқии Россия, композитор Игор Крутой, сарояндагон Сергей Лазарев ва Юлианна Караулова, композитор Виктор Дробиш шомиланд.