Сомонаи пешина | Яш, 19 Август 2018 | 01:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Аҳамияти ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ёдгориҳои бостонию таърихиихалқи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ

Шоистаи зикр аст, ки ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Саҳми миллати тоҷик дар як маврид бо арзишҳои таърихию фарҳангии хеш инчунин бо фарзандони шоистаи хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ назаррас мебошад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик чунин қайд карданд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат-ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Барои ҳифзу тармими онҳо Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад».

Вобаста ба болоравии мақоми таъриху фарҳанги мил лати тамаддунофари тоҷик дар минтақа таваҷҷуҳи ҷаҳониён рўз аз рўз ба кишвари соҳибистиқлоли мо афзоиш ёфта истодааст.

Тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз соли 1992 новобаста ба вазъи ноороми дохилӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда ба аъзогии созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ - ЮНЕСКО шомил гардида буд.
 Айни замон ёдгориҳои бостонӣ ва табиии Саразм ва «Боғи Миллӣ» ба рўйхати асосии ЮНЕСКО ворид карда шуда, соли 2009 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Халқии Хитой - 8 адад ва соли 2015 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон - 5 адад ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявии кишвар тавассути силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рўйхати пешакии ЮНЕСКО номнавис гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳамоишҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13 адад ёдгориҳои таърихию-фарҳангӣ ва меъморӣ ба силсилаҷоизаи «Ёдгориҳои Осиёи Марказӣ дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» – ЮНЕСКО: “Шаҳраки Панҷакенти қадим” ва “Шаҳраки Бунҷикат” ба гузаргоҳи “Зарафшон”, ”Шаҳри Ҳисор” ба гузаргоҳи “Марказӣ”, “Дайри буддоии Аҷинатеппа”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, “Шаҳраки эллинистии Тахти Сангин”, “Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук” ба гузаргоҳи “Амударё”, “Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон” ба гузаргоҳи “Вахон”, “Қалъаи Хуҷанд”, “Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин”, “Тасвирҳои рўисангии ноҳияи Ашт”, “Ёдгории меъмории Мадрасаи Ойим”, “Ёдгории меъмории Мадрасаи Мир Раҷаб Додхоҳ” ба гузаргоҳи “Фарғона-Сирдарё” шомил гардиданд.

Инчунин 4-маконҳои бостонии тасвирҳои рўисангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силсилаҷоизаи “Тасвирҳои рўисангии Осиёи Марказӣ” ворид гардидаанд, ки инҳо мавзеъҳои Оқҷилга ва Шахтии ноҳияи Мурғоб, Лангари ноҳияи Ишкошим,Сойи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ мебошанд.
Раванди мазкур самаранок идома ёфта, моҳи апрели соли 2015 ёдгории бостонии «Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук» дар самти ёдгориҳои моддии дараҷаи байналмилалӣ ба Ҷоизаи «Global Rating Nomination»-и Институти рейтинги байналмилалии ЮНЕСКО сарфароз гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ рўзҳои 02.07. то 07.07.2017с. дар пойгоҳи мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук-ҳамчун объекти афзалиятдоштаи моддии ҷаҳонӣ семинари байналмилалии “Мактаби бостоншиносони ҷавон дар шаҳри асримиёнагии Ҳулбук” бо иштироки намояндагони 9 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид, ки ин бори дигар аз нуфуз ва эътибори баланди ёдгориҳои нодири меъмории халқи тоҷик дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад.

Вобаста ба ин, дар Конфронси зерминтақавии ЮНЕСКО дар мавзўи “Рушди стратегияи мудирият оид ба мероси ҷаҳонии даҳлези Роҳи абрешим дар Осиёи Марказӣ”, ки рўзҳои 13-14 сентябри соли 2017 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, пешниҳоди ҳайати гурўҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар нимсолаи II соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани Семинари зерминтақавии гузаргоҳи “Фарғона-Сирдарё” аз ҷониби намояндаи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО пазируфта шуд.

Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кўлоб, Хуҷанд, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷотҳои ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои “Қуръони Карим” бо хати куфии шукуфо, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” аз ҳудудҳои шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғ., ки қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд ва ҳамчун нобиғаҳои нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд. 

Маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якҷоягии табиати биҳиштосои он зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси моддӣ, муассисаҳои давлатии муҷтамаъ ва мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносӣ, хонамузейҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, мамнуъгоҳҳо ва мавзеъҳои нодири табиӣ, инчунин ёдгориҳои алоҳидаи меъморӣ, таърихию бостоншиносӣ ташкил медиҳад.

Шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ афзоиш ёфта, теъдоди онҳо дар ҷумҳурӣ ба 6-адад расонида шудааст ва ин ҳадди ниҳоӣ набуда, он минбаъд низ афзоиш меёбад. Таъсиси Муассисаи давлатии мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук, муассисаи давлатии Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара, муассисаи давлатии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрўд, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии кишвар дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба шумор меравад.

Мавқеи мамнуъгоҳҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ дар пешбурди фаъолияти сайёҳӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз чунин объектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар бисёр маврид ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ки урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нигоҳдорӣ шудааст, барои ҷалби сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳими органҳои давлатӣ дар самти нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти мазкур корҳои назаррас ба анҷом расида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бобати ҳифзи ёдгориҳои таъихию фарҳангӣ қабул гардидааст. 

Ҷиҳати корҳои тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 70 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст. Илова бар ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба тасвиб расидааст.

Татбиқ ва амалӣ намудани Барномаи мазкур имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати объектҳои мероси таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда бештару беҳтар гарданд, ки ин дар навбати худ афзоиши воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамояд. Тағйиротҳои куллие, ки туфайли татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба амал меоянд, барои пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат менамояд. 

Тибқи Нақшаи Барномаи мазкур дар ду марила корҳои тармиму барқарорнамоӣ 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масоҷиди таърихӣ, 3 маъбади қабл аз исломӣ фаро гир мешаванд, ки аз онҳо 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир хоҳанд шуд. Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 млн. сомониро таш кил медиҳад, ки зиёда аз 60,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавиро ташкил медиҳанд.
Ҳамин тавр, туфайли татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур:

- шумораи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории ҷавобгуй ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ, инчунин теъдоди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст;

 - дар минтақаҳои гуногуни кишвар мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва марказҳо вобаста тарғиби ёдгориҳои моддӣ дучанд зиёд гардиданд;

- шумораи умумии сайёҳони дохилӣ ва хориҷии ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ташрифоваранда дар соли 2017 тақрибан ба 80 ҳазор нафар расидааст;

- базаи моддӣ-техникии муассисаҳои давлатии мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва осорхона-мамнуъгоҳҳо мустаҳкам гардида, онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардиданд;

Иҷрои пурраи Барномаи мазкур, ҳамчунин имкон медиҳад, ки яке аз самтҳои даромадноки иқтисодӣ – туризми фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароитҳои муфид муҳайё карда шавад.

Зимнан, бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг ба ҳисоб меравад.

Ш. Хоҷаев,
сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ