Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор

 

Мамнуъгоҳ соли 1982 дар ҳудуди 22 га дар қитъаи зебоманзари водии Ҳисор воқеъ гардидааст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000-сол қабл ин ҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ дошт. Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то ба имрўз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI-и пеш аз мелод оғоз гирифта, то садаи XIX думбола мегирад. Лаҳзае, ки моро маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба оғӯш мегирад, хештанро дар шаҳри асримиёнагие, бо майдонаш Регистон, дижи қадим, силсилаи иншооти маданӣ-маърифатӣ, ҷомеавӣ–савдоӣ мебинем. Майдони Регистонро ду мадраса, Кўҳна ва Нав, Корвонсарой, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона иҳота кардааст. Дуртар аз майдони Регистон дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷиди Одина, масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеанд.

Шаҳри Ҳисор то инқилоби Октябр маркази Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Соли 1924 аз назди дарвозаи Арки Ҳисор эъломияи Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Тоҷикистонро хонданд ва Душанбе марказ эълон карда шуд. Шаҳри асримиёнагии Ҳисор дар масофаи 10 км бо девор ва хандақи васеи пур аз об иҳота шуда буд. Шаҳр чор дарвоза дошт. Аз қисмати ҷанубии шаҳр дарвоза бо номи «Шакарӣ», зеро дар ин қисмат одамони ба қаннодӣ машғулбуда зиндагонӣ мекарданд. Аз қисмати ғарбии шаҳр дарвоза бо номи «Чангоб», зеро аз ин тараф дарёи Чангоб мегузашт. Аз қисмати шимолу шарқии дарвозаи «Чашмаи Моҳиён», дар он ҷо чашмаи обест, бо номи «Чашмаи Моҳиён» ва қисмати шарқии шаҳр бошад, дарвозае будааст, бо номи дарвозаи «Хоки Сафед», дар он ҷо теппаест бо номи теппаи Хоки Сафед.

Баландии девори атрофи шаҳр 5-8 метр, паҳноии девор 4-5 метрро ташкил медод, ки мир шаб бо аспу ароба болои девор гашту гузор намуда, атрофи шаҳрро назорат мекард.
Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурҷи баланди мудаввар қад афрохтаанд, ки ғафсии деворҳояшон зиёда аз як метр мебошад. Бурҷҳо ҳаштогӣ тиркаш доранд. Дар пешорӯи дарвоза ду тарафи он суфаҳои калон мавҷуданд, ки дар ин ҷо тўпҳо меистоданд. Баъди аз дарвозаи Арк гузаштан дар ду тарафаш қаровулхонаҳоро мебинем. Пас аз убури миёнсарои дар самтҳои чапу рости Арк ду хоктудаи азим ба чашм мерасанд. Дар ин ҷо зиндонҳо будаанд. Дар яке аз ин зиндонҳо сарвари шўриши машҳури халқӣ бар зидди золимони манғит ҷувозкаши балҷувонӣ Восеъ ҳангоми ба Шаҳрисабз барои қатл бурданаш маҳбус буд. Дар тали баландтарини тарафи рости қалъа қароргоҳи ҳоким буд. Қисмати ғарбии начандон баланди қалъаро «Уштурхона» ном мебурданд. Дар ин ҷо аспу уштурҳоро нигоҳ медоштанд. Дар қисмати шимолии қалъа майдони мудаввар воқеъ мебошад, ки «Аскархона» ном дошт. Дар қисмати ғарбии Аскархона дарвозае будааст ва аз ин ҷо ба дохили қалъа озуқаворию молҳои хоҷагӣ ворид мекардаанд.

Мадрасаи Кўҳна асри XVI

Мадрасаи Кўҳна аз сохти анъанавӣ баъзе фарқиятҳо дорад: қаноти рости биноро пурра масҷид бо пешайвонаш ишғол намуда, дар қаноти чап дарсхона вуҷуд дорад. Вазифаи дарсхонаро чор ҳуҷраи масоҳати ҳар яке 16 метри мураббаъ иҷро менамоянд, ҳуҷраҳои боқимонда 13 метри мураббаъ мебошанд. Ҳар ҳуҷра аз бухорӣ (оташдони деворӣ), тоқҷаҳои китобу зарфмонӣ иборат буда, бомаш гумбазмонанд (балхӣ) мебошад. Мадрасаи Кўҳна дорои 31 ҳуҷра буда, масоҳати умумии майдони бино 2550 метри мураббаъро ташкил менамояд.
Мадрасаи Нав баъди 50 соли буньёди Мадрасаи Кўҳна сохта шудааст, яъне дар нимаи дуввуми асри ХVII. Абдуҳалим Раҳимов таърихи сохтмони Мадрасаи Навро чунин гуфтааст: «Як зани олитабори савдогари қўқандӣ барои савдо ба Ҳисор меояд. Аз табиат, обуҳавои Ҳисор мафтун шуда, барои сохтмони Мадрасаи Нав пул иона (тўҳфаи хайрия) мекунад». Мадраса дорои 28 ҳуҷра, ки аз ин 21-ададаш дар ошёнаи якум, 7-тоаш дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудааст ва як масҷиду як синфхона мебошад.

 

Дар вақти ҳукмронии Абдулкаримхон мадрасаи Навро мадрасаи Уламо ном мебурданд. Дар ин мадраса ҳокими Ҳисор тамоми олимону шоирони он давраро ҷамъ намуда «Доираи адабии Ҳисори Шодмон»-ро ташкил кардааст.

Корвонсарой дар самти рости мадрасаи Кўҳна ҷойгир аст. Тарҳи он аз ҳавлии чоркунҷаи 25х30м, ки бо биноҳои як ва дуошёна иҳота шудааст, иборат мебошад. Деворҳо аз хишти пухта сохта шудаанд. Корвонсарой дорои 34 ҳуҷра мебошад, ки дар ин ҳуҷраҳо меҳмонон, сайёҳон ва савдогарони ба Ҳисор ташриф оварда иқомат мекардаанд. Корвонсарой соли 1804 сохта шудааст.

Таҳоратхона байни мадрасаҳои Наву Кўҳна ҷойгир аст. Таҳоратхона яке аз иншооти маҳфузмонда мебошад, ки дар назди масҷиду мадрасаҳо сохта мешуданд. Сохтмоне мушобеҳ ба сохтмони таҳоратхонаи муҷтамаи Ҳисор вуҷуд надорад. Ба қарни XV мансуб мебошад. 

Мақбараи Махдуми Аъзам дар самти ҷанубии мадрасаи Кўҳна воқеъ гардидааст. Мақбара аз се иншооти гунбаздори дар замонҳои гуногун сохта шудаанд, иборат мебошанд. Бинои аввал «Зиёратхона» ё ин ки масҷиди гузари Шакарӣ дар асри X, бинои дуюм «Гурхона» аз қисмати ғарбии бино болои қабри Шайх Ҷунайдуллоҳи Ҳисорӣ дар асри XIII ва бинои сеюм болои қабри Хоҷа Муҳаммад Хивагӣ дар асри XVI сохта шудаанд.

Мувофиқи навиштаи Салоти Масъудӣ аз тарафи Қутайба ибни Муслим, дар гузари Кўлоҳдузони шаҳри Ҳисор нахуст-масҷид бо номи Масҷиди Сангин бунёд карда шуд. Манора ва ду пешайвони масҷид бошад, дар асри XIV сохта шудааст.

Масҷиди Сангин (реконструксия) асрҳои VIII-XIV