Сомонаи пешина | Дш, 10 Декабр 2018 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Эълони Озмун

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки 18-20 октябри соли 2018 баргузор мегардад, Озмуни «Ношири муваффақ», «Ороишгари беҳтарини китоб» ва «Тарҷумони сермаҳсули сол»-ро мегузаронад.

Довталабон маводашонро то 15 октябри соли равон ба Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳ пешниҳод намоянд. 

Маълумоти иловагиро аз нишонии мазкур гирифтан мумкин аст: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36. Телефон: 907-70-28-69, 223-14-74, 221-95-43. Факс 221-40-65. Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.