Сомонаи пешина | Ҷм, 22 Март 2019 | 16:03
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ

 

Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кормандони шуъба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Консепсияи рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷкистон», Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фарҳанг ба роҳ мемонад.


Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ:
- амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар соҳаи фарҳанг;
- таҳия ва назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву меъёрӣ дар соҳаи таҳсилот дар муассисаҳои талимии тобеи вазорат;
- назорати фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва илмӣ-методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии муассисаҳои таълимии тобеи вазорат;
- назорати иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии тобеи вазорат;
- назорати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «Консепсияи рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии тобеи вазорат;
- роҳбарии банақшагирӣ, ташкил ва иҷрои корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани принсипҳои асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;
- назорати сатҳи тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дорои дониши мукаммали назариявӣ ва амалидошта дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои давлатӣ;
- дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои вазорат ташкил ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмӣ-педагогии соҳа дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар;
- бо мақсади амалӣ намудани амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи маориф», «Консепсияи рушди фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудани самтҳои асосии рушди фарҳанг ва санъат дар ҷумҳурӣ ва таъмини иҷрои онҳо дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии тобеи вазорат;
- муайян ва амалӣ намудани самтҳои рушди таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии соҳа;
- манзури пешниҳодҳо оид ба такмили низоми таҳсилот дар соҳаи фарҳанг;
- расонидани ёрии илмӣ-методӣ дар ташкили раванди таълим ба муассисаҳои таълмии соҳа;
- назорат аз болои ташкили раванди таълиму тарбия, иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ, сифати тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии тобеи вазорат;
- ташкил ва назорати ҷараёни такмили ихтисос, бозомӯзии омӯзгорон ва корҳои илмӣ-методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии тобеи вазорат;
- назорати фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва методии муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - назорати татбиқи технологияи нави таълим ва ҳамчунин ҷараёни инноватсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ:
- омода намудани Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- назорати ҷараёни қабули писарону духтаронро тибқи квотаи Президентӣ тариқи сӯҳбат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
- назорати кори комиссияи аттестатсионӣ оид ба қабули довталабон дар магистратура, аспирантура ва докторантура;
- бо супориши роҳбари мақоми давлатӣ дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои кории мақоми давлатӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои мақоми давлатӣ иштирок намудан ва пешниҳоди гузоришу ҳисобот ва ғ.