Сомонаи пешина | Яш, 15 Сентябр 2019 | 22:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Давлатзода Зевар Маҳмудӣ

 

Давлатзода Зевар Маҳмудӣ
муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатзода Зевар Маҳмудӣ 10 июни соли 1972 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи №77-и пойтахт солҳои 1979-1989 таҳсил намудааст. Соли 1989 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон факултети шарқшиносӣ, бахши форсӣ дохил шуда, соли 1994 ҳамчун стипендианти ба номи Бобоҷон Ғафуров бо дипломи аъло онро хатм менамояд. Ҳанӯз ҳангоми таҳсилаш дар Донишгоҳ, дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, чун гӯяндаи бахши форсӣ кор ва фаъолият намудааст.

Солҳои 1997-1998 дар Ташкилоти хайриявии «Интернюс-Нетуорк» фаъолияти кории хешро ба ҳайси журналист идома дода, имконият пайдо мекунад, ки се моҳ дар мактаби махсуси журналистии «Интернюс»-и ш. Москва таҳсил намояд.

Солҳои 1999 то 2002 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси дараҷаи 1, муовини сармуҳаррири «Ахбор», сармуҳаррири барномаҳои иттилоотии «Ахбор», муовини директори маркази продюсерии «АРТ-ТВ», муҳаррир ва барандаи «ТВ Субҳ» кор кардааст.

Дар ҳамин давра август-октябри соли 2000 дар штаб-квартираи СММ аз рӯи барномаи UNDP таҷрибаомӯзӣ намуда, дар саммити Ҳазорсола иштирок ва барнома таҳия намудааст.
Аз январ то сентябри соли 2002 дар продакшн-студияи «Азия-Плюс» ҳамчун журналист фаъолият менамояд.

Аз 1 октябри соли 2002 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини аввали директори АМИТ «Ховар» таъин мегардад. Дар ҳамин давра солҳои 2005-2009 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро дар риштаи сиёсатшиносӣ ғоибона таҳсил ва бо баҳои аъло хатм намудааст.

Соли 2008 бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Аз 10 феврали соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон» таъин мегардад.

Аз 19 июни соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» таъин мегардад.

Аз 15 марти соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор, соҳиби як фарзанд.