Сомонаи пешина | Сш, 23 Январ 2018 | 01:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Эълонҳо

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби баробарҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбу кор, ҳамзамон интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат ҷиҳати ишғоли мансабҳои холии зерин озмуни кушодро ба нақша гирифтааст:
1. Сардори шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ, таҳсилоти олии иқтисодӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1400 сомонӣ;

2. Сармутахассиси раёсати санъат, таҳсилоти олии касбӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1040 сомонӣ;

3. Сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти олии омўзгорӣ ва мусиқӣ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 1040 сомонӣ;

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ, таҳсилот олии омўзгорӣ ва мусиқӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 847 сомонӣ;

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ, таҳсилот олии соҳаи таърихшиносӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 847 сомонӣ;

6. Мутахассиси раёсати табъу нашр ва матбуот, таҳсилот олии рўзноманигорӣ, маош мувофиқи ҷадвали корбаст 696 сомонӣ;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 12 январи соли 2018.

Эзоҳ: Донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор кардан бо компютер ва таҷрибаи кофии корӣ аз рўи ихтисос зарур мебошад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо ва баргузории озмун:

734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 34,
тел. 223-19-71 ва 221-04-23

Почтаи электронии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .