Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ёдгории таърихию фарҳангии «Золи-Зар»-и ноҳияи Фархор

11.08.21Золи-Зар яке аз ёдгориҳои нодири ибтидои асри миёна буда, 17 км шимолтари Фархор ҷойгир мебошад. Ҳудуди шаҳрак 120 гектарро ташкил дода, дар ин ҳудуд дуқабати маданӣ – шаҳраки антиқа ва шаҳраки ибтидоии асри миёна ҷойгир мебошанд. Бахши қадима дар қисмати шимолии ёдгорӣ ҷой гирифта, то имрӯз ба қабристон табдил ёфтааст. Бахши асримиёнагӣ дар қисмати шарқии ҳудуди ёдгорӣ ҷойгир буда, аз қалъа ва шаҳр таркиб ёфтааст. Қалъа дар тарафи шимолу ғарбии ёдгорӣ ҷой дошта, шаклаш чоркунҷа ва андозааш ба 70x70м. баробар мебошад. Атрофашро девор иҳота намудааст, ки дар чор кунҷ манора сохта шудааст. Шаҳрак низ шакли росткунҷаро дошта, аз тарафи ғарбиаш девори лойии бараш 4 метра ва баландиаш 2 метра иҳота кардааст, ки дар ҳар як кунҷи девор манораи баландиаш 5 метра сохта шудааст.

Шаҳрак то охир пурра омӯхта нашуда, вобаста ба маводҳо ва осори пайдошуда, онро мансуб ба асрҳои II -III ва VII - VIII милодӣ медонанд. Ёдгорӣ бори нахуст соли 1964 аз тарафи корманди Шуъбаи бостоншиносии ИТБМ ба номи А.Дониш Х. Муҳиддинов мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Доир ба ёдгории мазкур якчанд мақола ва гузоришҳои илмӣ низ ба чоп расидаанд.

Дар замони Истиқлол солҳои 2008-2009 бостоншиносон М. Азизов ва Ю. Яъқубов дар ин ёдгорӣ ҳафриёт гузаронида, натиҷаи таҳқиқ дар мақолаҳои илмии Яқубов Ю., Хуҷагелдиев Т., Қурбонов Ш. (“О работах кулябского археологического отряда на городище Золи-Зар в 2008г. // АРТ - Душанбе, 2010. Ҷилди.34, саҳ.241-277), Энциклопедияи миллии тоҷик (Душанбе, 2011, саҳ.503-512), Яқубов Ю., Довудӣ Д. (Ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки Золи-Зари ноҳияи Фархор дар соли 2009// Археологические работы в Таджикистане. - Душанбе, 2012. Ҷилди, 35, - саҳ 236-250) дарҷ гардидаанд.

Ҳамзамон солҳои 2015-2017 бо мақсади анҷом додани харитаи бостоншиносии Тоҷикистон, бостоншиносон дар ноҳияи Фархор такроран таҳқиқот гузаронида, якчанд ёдгориҳои навро ба қайд гирифтанд. Айни замон харитаи бостоншиносии ноҳияи Фархор бо маводҳои тасвирӣ ба чоп омода шудааст (муаллифон Филимонова Т.Г., Муҳиддинов Х.Ю), ки дар он доир ба ёдгории Золи Зар низ маълумот оварда шудааст. Баъдан, соли 2017 ҳангоми омода намудани “Феҳрасти ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи бостоншиносон Филимонова Т.Г., Сайфуллоев Н.Н., Каримова Г., Қурбонов Ш. доир ба ин ёдгорӣ маълумоти фаровон манзур гардидааст (ниг.: “Феҳрасти ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон”//Душанбе: “Бебок”-2017', саҳ.204).

Дар мақолаи Фарзонаи Файзалӣ - «Фархор - Золи Зар ба таҳқиқ ниёз дорад» («Ҷумҳурият», №201-202 аз 12 октябри соли 2020), саҳван Золи Зар ёдгории давраи то мелодӣ номида шудааст. Ҳамзамон рӯзноманигор даъво аз он дорад, ки ҳатто бостоншиносон дар бораи ин ёдгорӣ маълумоти кофӣ надоранд. Дар фавқ мо доир ба маводҳо ва мақолаҳои ба ин ёдгорӣ бахшидаро номбар намудем. Бояд қайд намуд, ки тибқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар 3416 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст ва дар як вақт бостоншиносону мутахассисон имконияти омӯхтани тамоми ёдгориҳои ҳудуди кишварро надоранд.

Шоистаи зикр аст, ки вобаста ба гузаронидани ҳафриётҳои бостоншиносӣ, тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзу нигаҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барномаҳои давлатӣ таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. То соли 2020 “Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” фаъолият мекард, ки баъд аз тамом гардидани мӯҳлати барномаи мазкур боз “Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” таҳия гардид ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 майи соли 2020, №253 қабул гардид.

Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 44, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу нигаҳдорӣ, тармиму барқарорсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар на танҳо масъулият ва вазифаи мақоми ваколатдорӣ давлатӣ, балки масъулият ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандон дар маҷмӯъ бояд ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун рукни асосӣ ва муаррифгари таъриху тамаддуни башарӣ арҷ гузорем.

Абдусаломов Мирзошариф - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон