Сомонаи пешина | Пш, 19 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҶАЗО: ЯК УМРУ 47 СОЛ ҲАБС

Очерки судӣ

Ҳукми суд дар толори мурофиавии махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят сангин садо дод. Қисме аз иштирокчиёни мурофиа, ки наздикону пайвандони судшавандаҳо буданд, ба ғирев омаданд. Модари яке аз судшавандаҳое, ки ҷазои ҳабси якумра гирифта буд, беист ашк мерехту менолид. Он лаҳза толори мурофиа саҳнаи театрро мемонд, ки гўё асари фоҷиавиеро рўи саҳна гузошта буданд. Ба қавле қиёмат қоим гашта буд. Хусусан, ҳангоме ки нисбати гунаҳгор Шарифҷони бистсола ҳукми ҷазои якумра хонда шуд…
Онҳое, ки аз рафти ҳодисаву воқеаҳои рухдода ва ҷараёни мурофиа огаҳӣ доштанд, ба ворисону наздикони маҳкумшуда ғайр аз изҳори тасаллияту ҳамдардӣ гапи дигаре ёфта наметавонистанд. Вале онҳое, ки аз асли воқеа хабар надоштанд, дар назди наздикони ба фиғономада, ворисону ақрабои маҳкумшуда даст ба гиребон бурда, «ё тавба, ин «кўдак» чӣ кор кардааст, ки ба ў чунин ҷазои сахтро суд раво дидааст-а?» - гўён аз дигарон бозпурсӣ мекарданд.
Ҳукм баромад. Сарфи назар аз он ки тарафи маҳкумшудаҳо ҳуқуқи шикоят бурдан ба марҷеи болоиро доранд, ҳукм ниҳоят сангин аст. Воқеан, ба гуфти мардуми ноогоҳ, ин ҷавони бистсола бо чӣ гуноҳе ҳукми ҷазои маҳбуси якумраро гирифтааст? Аъзоёни гурўҳаш чӣ? Яке 13 сол, дигаре 14 сол ва сеюмӣ 15 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзўр аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Ҳатто як нафар аз аъзои ноболиғи гурўҳ – хонандаи синфи 9-ум ба муҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияи тарбиявии низоми умумӣ аз озодӣ маҳрум гардид. Чаро?

«Умари Хуросонӣ»

Ин исму валади рамзӣ муддате дар сомонаҳои экстремистӣ – террористии шабакаи интернетӣ «чеҳранамоӣ» мекард. Вай тавассути телефони мобилии тамғаи «Сони эрексон» аз тариқи шабакаи интернетӣ бо «Муовия», «Абумуҳоҷир», «Абу Усомаи Норакӣ», «Саҳоба», «Холид ибни Валид» ва «Абумуози Шомӣ», ки барандагони сомонаҳои интернетии барномаҳои экстремистӣ-террористии иттиҳоди ҷинояткори «Давлати исломӣ» мебошанд, ду сол қабл, яъне аз синни ҳабдаҳ – ҳаждаҳсолагӣ иртибот пайдо намуда, баъдан таҳти таъсири таълимоти мағзшўёнаи онҳо ба ин ҷараёни барои аҳли башар хавфнок ворид мегардад.
Қабл аз он ки аз фаъолияту «корнома»-и «Умари Хуросонӣ» ёдовар шавем, симову шахсият ва ҳасби ҳоли ўро барои хонандагон бояд муаррифӣ намуд. Инак, иқтибос аз парвандаи ҷиноятӣ:
«Шарифҷони Зокир, соли таваллудаш 25 январи 1997, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, сокини шаҳри Қўрғонтеппа, маҳаллаи Зарбдор…».
Шарифҷон ҳанўз аз айёми наврасӣ аз беназоратии волидон зери таъсири гурўҳҳои ба ном «худотарс» қарор гирифта, аз таълим дар мактаби замонавӣ дида, ба омўзиши адабиёти диниву ифротӣ бештар майл пайдо мекунад. Ин «бозёфт»-аш навраси аз оламу одам ҳанўз бехабарро ба кўчаҳои тираву торе раҳнамун месозад, ки дар охири чунин роҳ ба рўшноие умед бастан душвор аст. Натиҷа ҳамин шуд, ки Шарифҷони наврас пас аз хатми синфи нуҳ аз идомаи таҳсил чи дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чи дар литсею макотиби касбӣ даст кашид. Вай акнун ба омўзиши мустақилонаи адабиёти кўчагии динӣ, ки дар сари ҳар роҳу бероҳаҳо аз ҷониби ашхоси номаълум ба фурўш бароварда мешуд, машғул буд. Ва дар ниҳояти кор, зери таъсири омўзиши чунин адабиёт ақидаҳои ифротгароёна пайдо менамуд. Бо мурури замон бачаи наврас ба ҷавони қавӣ табдил меёфту доираи фаъолияти хешро ноаён васеъ кардан мехост. Волидон ҳам тайи ин муддат ба чӣ кор машғул будану ба чӣ шуғлу чӣ пеша дилбастагӣ доштани фарзанди наврасу ҷавонашонро намепурсиданд. Ҳамин тавр, вай ба сомонаҳои экстремистӣ – террористии шабакаи интернетӣ роҳ меёбад. Дар натиҷа, барои ҷавони дар чорроҳаи зиндагӣ бе ҳидоятгармонда, дар симои номуайяни ашхоси иблисмаобони муосир бо исмҳои сохтаву бофтаи таърихиву замонавие аз қабили «Муовия», «Абумуҳоҷир», «Абу Усомаи Норакӣ», «Саҳоба», «Холид ибни Валид», «Абумуози Шомӣ» ва ғайра ба ном ҳодиёни роҳи ҳақ пайдо гардиданд, ки аз онҳо тариқи сомонаҳои экстремистӣ – террористии шабакаи интернет бо забони тоҷикӣ дарсҳои махсус меомўхт.
Шарифҷони нав ба синни ҳаждаҳсолагӣ қадамниҳодаи бетаҷриба ва аз олами шайтанат ноогоҳ, ба торҳои ноаёни доми тазвири ин «бузургномҳо» печида, зери таъсири дарсҳои таълимии эшон дар мавзуъҳои «Тавҳид» (яккахудоӣ), «Шурути Аллоҳ» (шартҳои Худованд), «Навоқизи ислом» (нуқсонкориҳо дар ислом), «Кофарону муртадон» (кормандони давлатӣ), «Бидъатон» (пазирандагони навгониҳои ислом) роҳ ба сўи ҷинояту хиёнаткорӣ пеш мегирад. Ва чун пай дар пайу зина ба зина тарзи тафаккуру андешаи ҷавонро тағйир медиҳанд, барояш марҳилаи дигари омўзиш - дарсҳои «Фарз будани ҷиҳод дар Тоҷикистон» пешниҳод мегардад. Дар ҳамаи ин зинаҳои омўзиш чун робитаи Шарифҷон тавассути сомонаҳои экстремистӣ – террористӣ бо «устодони маънави»-аш канда намешавад, барои ин шогирди «боинтизом» марҳилаи дигари омўзиш ё худ санҷиши шогирд оғоз мегардад. Акнун шогирд минбаъд бо устоди дигар сару кор мегирад, ки ҳар дафъа бо исми мустаори «Хаттаб» ба алоқа мебарояд. Акнун ба Шарифҷон на дарс, балки супориш медодагӣ мешаванд ва барои риояи қоидаҳои пинҳонкорӣ барояш исми мустаор ё худ лақаберо ба унвони «Умари Хуросонӣ» мақбул мешуморанд.
Шарифҷон акнун бо ин ном худро дар пояи устодонаш - «Муовия», «Абумуҳоҷир», «Абу Усомаи Норакӣ», «Саҳоба», «Холид ибни Валид» ва «Абумуози Шомӣ» дида, баҳри иҷрои супоришҳои хоҷаи наваш«Хаттаб» домону остин бармезанад.
Омўзиши дарс як чиз асту амалӣ гардонидани ният ва ҳадафу мақсади муайян чизи дигар. Аз ин рў, баҳри амалӣ гардонидани нияту ҳадафу мақсад, бахусус агар онҳо нопоку ҷинояткорона бошанд, шарику ҳамфикру ҳамақидаи дилпур лозим аст, ки ба он бовар карда шавад. Бинобар ин, Шарифҷони таълимдида, ки акнун то ҳадде пухта ҳам гардида буд, ба шарикӣ ва рафиқи ҳамкор ҷуз наздикону пайвандонаш каси дигареро бовар намуда, ҷалб карда наметавонист. Аз ин рў, дар навбати аввал бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокирро, ки он вақт ҳамагӣ чордаҳсола буд, ҷалб намуда, баъдан писарамакҳояш Файзиев Равшан Собирҷоновичи он замон нуздаҳсола ва Амирхоҷаев Рустамҷон Собирҷоновичи ҳамон вақт ҳабдаҳсоларо чун шахсони боэътимод ба ҳайати гурўҳи ҷинояткораш ҷалбу шомил мегардонад. Инак, таваҷҷуҳ намоед ба иқтибосе чанд аз парвандаи ҷиноятӣ, оид ба ҳасби ҳоли аъзои дигари тозаинтихоби гурўҳи ҷиноятпешаи «Умари Хуросонӣ»:
«Раҷабҷони Зокир 21 сентябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандаи синфи 9-уми ММТУ № 45-уми шаҳри Қўрғонтеппа, қаблан суд нашудааст, сокини шаҳри Қўрғонтеппа, маҳаллаи Зарбдор.
Файзиев Равшан Собирҷонович, 23 январи соли 1996 дар шаҳри Қўрғонтеппа таваллуд шуда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Қўрғонтеппа, маҳаллаи Зарбдор.
Амирхоҷаев Рустамҷон Собирҷонович, 12 октябри соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, феълан сокини шаҳри Қўрғонтеппа, маҳаллаи Зарбдор мебошад. Ҳамагӣ то синфи шашум хондааст, муҷаррад, қаблан суд нашудааст, муваққатан бекор»...

Парчамсозӣ

Сардори гурўҳ «Умари Хуросонӣ» (Шарифҷони Зокир) аз «марказ» - иттиҳоди ҷинояткори «Давлати исломӣ» ба воситаи сарпарасти наваш «Хаттаб» супориш гирифта буд, ки бо мақсади воҳима андохтан дар дили мардум ва тарғиби омад – омади «Давлати исломӣ» парчами «Давлати исломӣ»-ро аз матоъ тайёр намуда, дар ҷойҳои намоёни шаҳр насб кунанд.
«Умари Хуросонӣ» барои иҷрои супориши гирифтааш аз матои сиёҳу сафеди харидааш дар ҳуҷраи хоби худ ҳамроҳи бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокир парчами «Давлати исломӣ»-ро ба андозаи 80 сантиметр ба 50 сантиметр тайёр намуда, акси онро тавассути телефони мобилӣ ба сарпарасташ «Хаттаб» мефиристад. Сипас, парчами тайёрнамудаашонро ҳамроҳи узви дигари гурўҳи ҷинояткори таъсисдодааш – писарамакаш Файзиев Равшан Собирҷонович ба шаҳр бароварда, дар теппаи «Қўрғон» ва боғи марказии шаҳри Қўрғонтеппа ҷилва дода, аксбардорӣ намуда, аз тариқи яке аз сомонаҳои интернетӣ ба «Хаттаб» мефиристанд.
Ҳамин тавр, супориши аввалини «марказ»-ро гурўҳ иҷро менамояду сардори гурўҳ «Умари Хуросонӣ» сазовори «таҳсин» мегардад. Баъдтар, аниқтараш рўзи 24-уми октябри соли 2015 ба сардори гурўҳи ҷинояткор «Умари Хуросонӣ» аъзоёни гурўҳаш – бародари ноболиғаш Раҷабҷони Зокири 14-сола ва Амирхоҷаев Рустами он замон 17-сола хабар мерасонанд, ки бегоҳӣ дар масҷиди маҳаллаи Зарбдор намоиши филми ҳунарии «Арўси замонавӣ» баргузор мешавад. Аҳли маҳалла шабҳангом ба тамошои филм машғул буданду гурўҳи ҷиноятпеша дар ҳуҷраи хоби сардорашон нақшаи дар масҷид насб намудани байрақи «Давлати исломӣ»-ро мекашиданд.
Ҳамин тавр, бо мақсади дарак додан аз мавҷудияти «Давлати исломӣ» ва воҳима ангехтану тарсу ҳарос ҷой кардан дар қалбу шуури мардум, баъди анҷоми филм шабона, вақте ки кўчаҳои маҳалла аз одам холӣ гашту ҳама дар хоб буданд, гурўҳи ҷиноятпеша дуздона ба роҳ баромада, дар девори долони масҷид байрақи «Давлати исломӣ»-ро соати 24-и шаб бо мех насб мекунанд. Ва ҳисоботи кору акси амали анҷомдодаи гурўҳ худи ҳамон лаҳза ба «марказ» тавассути телефони мобилӣ фиристода мешавад. Баъди ин дар «марказ» - иттиҳоди ҷинояткори «Давлати исломӣ» боварӣ ҳосил мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳам дастнишондаи содиқу заминаи амалӣ гардондани ҳадафҳояшонро пайдо кардаанд. Акнун доираи супоришҳояшонро бояд васеътар намуда, иҷрои амалҳои ҷиддитарро ба гурўҳи «Умари Хуросонӣ» бояд фармоиш диҳанд. Ҳамчунин минбаъд барои гурўҳи «Умари Хуросонӣ» бояд хароҷоту «ҳаққи заҳматшон» пайваста фиристода шавад.
Аз ин гуна омад кардани кор «Умари Хуросонӣ» огаҳӣ ёфта, қабат – қабат гўшт мегирифт. Бехабар аз он ки дастони ўро ба ивази гоҳ-гоҳ фиристодани маблағи ночизе ба хуни ҳамватанони бегуноҳаш олонда, роҳи бозгашташро ба ҳаёти софдилона ба пуррагӣ мебанданду як умр чун ғуломи ҳалқабаргўш хизматгори хоҷагони хориҷиаш мешавад…

«Ҳукм»-и қатл аз «марказ»

Иттиҳоди ҷиноятпешаи «Давлати исломӣ» ҳадафу ниятҳои нопокашро бо услуби қадам ба қадам амалӣ мегардонд. Яъне аз амали одӣ, ки дар шурўи кор касе пайхас намекунад, ки ин роҳ ба сўи ҷинояту хиёнат мебарад.
- Хайр чӣ? – омўзиши шарту шароити ислом барои ҳар як фарди мусулмон фарз аст, - меандешад ҳар як ноболиғу ҷавони на танҳо аз таълиму тарбияи мактаби замон берунмондаву аз асли маърифату ҷавҳари башардўстонаи ислом дур буд, балки баъзе волидон ҳам иброз медоранд, ки чӣ фарқ дорад, ки илми шариати исломро дар мактабу мадраса меомўзӣ ё аз тариқи шабакаи интернетӣ дар хона ба воситаи телефон?
Мутаассифона, ба ин савол баъзе волидону фарзандони гумроҳшудаи онҳо замоне ҷавоби дуруст меёбанду ҳадафҳои нопоки хоҷагони ҷиноятпешаашонро дарк мекунанд, ки кор аз кор гузаштаву мукофоти амалашонро дар маҳкама дармеёбанд. Вале он вақт ба ҷуз ашки ҳасрату надомат рехтан ва фиғону навҳа кашиданҳо илоҷи дигаре нест…
«Марказ»-и иттиҳоди ҷиноятпешаи «Давлати исломӣ» аз таъсиси боз як гурўҳи наваш қаноатманд буд. Кори ин гурўҳ мувофиқи нақша ва дастури онҳо дар минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон пеш мерафт. Шогирди уҳдабарояшон «Умари Хуросонӣ» аз ҳама санҷишҳои зинаи аввал бомуваффақият гузашта буд. Дарсҳои «Тавҳид»-у «Шурути Аллоҳ», «Навоқизи ислом»-у «Кофарону муртадон» ва «Бидъатон»-ро хуб аз бар намуда, аз санҷиши аввал, оид ба омода сохтану дар байни мардум паҳн намудани рамз – парчами «Давлати исломӣ» гузашта тавонист. Акнун дастури баъзе қадамҳои аввали дарси «Фарз будани ҷиҳод дар Тоҷикистон»-ро ба шогирд додан лозим буд. Яъне дастони ўро хунолуда бояд кард, ки роҳи бозгашт надошта бошаду чашмонаш ҳам «кушода» шаванд, ки одам ҳам махлуқ асту куштани он аз куштани ҳайвоне мисли бузу бузғола фарқе надорад, балки осонтар аст…
Инак, супориши навбатӣ: Моҳи августи соли 2016 «Умари Хуросонӣ» аз фаъолони иттиҳоди ҷиноятпешаи «Давлати исломӣ» барои тасдиқ кардани устувории ақидаҳои худ, ашхоси бидъаткори маҳаллаи худу атрофи онро муайян карда, бинобар маҳкум будани чунин ашхос дар дини ислом онҳоро ба қатл расонида, ҳолати иҷрои амалашро ба навор гирифта, ба «марказ» фиристад.
«Умари Хуросонӣ» гўё интизори чунин супориш буд, ки фавран аз пайи иҷрои он мешавад. Ў бо мақсади собит сохтани эътиқоду устувории ақидааш баҳри иштирок дар иттиҳоди ҷиноятии «Давлати исломӣ» нақшаи ба қатл расондани ҳамсоядеҳааш – сокини деҳаи Элти ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар Назаров Қурбон Самадовичро ҳамчун бидъаткор тарҳрезӣ менамояд. Вай 13 августи соли 2016 бо Назаров Қ.С. алоқа барқарор намуда, рақами телефонҳои ҳамдигарро мегиранд. Сипас, худи ҳамон рўз – шабона Назаровро ба ҷои муайяни вохўриашон даъват менамояд. «Умари Хуросонӣ» аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Назаров бо корд чор зарба мезанад. Вале аз доду фиғони захмдор саросема шуда, амали ба наворгирии одамкушиашро анҷом надода, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанаду ҷабрдида дар ҳамон ҷо ба ҳалокат мерасад.
Баъди огаҳӣ ёфтани «марказ» аз ин амали «Умари Хуросонӣ» роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ аз фаъолияти ў қонеъ гашта, ба ў ҳамчун одами худии аз ҳама санҷишҳо бо муваффақият гузашта бо боварӣ супоришҳои ҷиддиву даҳшатовартарро медиҳанд…

Рў ба терроризм

Инак, супориши навбатии «марказ». Роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ ба «Умари Хуросонӣ» супориш медиҳанд, ки аз рўи дарсҳои интернетӣ тарзи тайёр намудани таҷҳизоти таркандаи фосилавиро як бори дигар такроран аз назар гузаронаду сипас, аз пайи омода намудани чунин таҷҳизот шавад.
«Умари Хуросонӣ» моҳи декабри соли 2016 мувофиқи дастурамали аъзоёни иттиҳоди ҷиноятпеша, аз элементҳои тавсияшуда таҷҳизоти таркандаи озмоишии хурдеро тайёр намуда, онро дар ҷои беодам месанҷад. Санҷиш хуб мегузарад. Вай лаҳзаи таркишро ба навор гирифта, тавассути телефон – интернет интиқол медиҳад. Хоҷагони зархаридаш ҳам вақте мебинанд, ки шогирд аз уҳдаи тайёр намудани таҷҳизоти тарконанда баромада метавонад, дастур медиҳанд, ки минбаъд вазифаи гурўҳи «Умари Хуросонӣ» аз ташкил намудани таркиш дар назди биноҳои ҳукумативу маъмурӣ ва сўиқасд ба ҳаёти кормандони ҳифзи ҳуқуқу дигар ашхоси расмӣ иборат мебошад.
Сардори гурўҳ «Умари Хуросонӣ» чун мебинад, ки доираи фаъолияташон рўз то рўз васеъ шуда истодааст, супоришҳои нав ба наву ниҳоят ҷиддӣ аз «марказ» мерасанд, дар андешаи афзоиш додани сафи гурўҳи ҷиноятпешааш мешавад. Вале интихоби узви нави гурўҳ тибқи дастури марказ омўзишу санҷиши ҷиддиро мехост, ки шахси боэътимоду боэътиқод ва дилпур бошад. Ниҳоят, чунин шахс бо исми Саъдӣ ёфт шуд.
Аз парвандаи ҷиноятӣ: «Саидов Саъдӣ Сайҳомидович, 15 апрели соли 1986, дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби ду фарзанд, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Фирдавсӣ, бинои 50, хонаи 113».
Воқеан, шарҳи ҳоли Саъдӣ Саидов касро ба андеша водор менамояд. Бисёр тааҷҷубовар аст, ки ҷавонмарди баркамол, соҳиби оилаву фарзандони дўстрў, соҳиби маълумоти олӣ чӣ тавр ва чаро ба чунин роҳ рафтааст? Агар ба иттиҳоди ҷиноятпешаи «Давлати исломӣ» аз тариқи шабакаи интернетӣ пайваст гардидани Шарифҷони Зокир - «Умари Хуросонӣ» ва бародари ноболиғу писарамакҳои ҷавону бе таҷрибаи зиндагӣ ва аз таҳсилу дониши замон дурмондаро танҳо аз ҳавову ҳаваси бачагиву аз тарбияву назорати волидон дурмонда пиндорем, магар чунин андешаҳо дар нисбати Саъдӣ Саидови соҳибмаълумот ва падари ду фарзанд қобили қабул аст? Аз ҳама тааҷҷубовару таассуфовараш он аст, ки ҷавонмарди соҳибмаълумоте фирефтаи доми ҷинояткороне гардидааст, ки сарварашон ҳамагӣ маълумоти миёнаи нопурра ва дигар аъзои ин гурўҳи ҷинояткор то синфи шашу ҳафт таҳсил кардаанду халос. Шояд ваъдаҳои болохонадори пешвоёни «марказ»-и иттиҳоди ҷиноятпешаи «Давлати исломӣ», ки «дар дорулфано соҳиби халтаҳои доллар шуда, бо пирўзии «Давлати исломӣ» соҳибмартаба ва аз ҷумлаи «саҳобагон»-и хулафои ин давлати хаёлӣ хоҳанд шуду дар дорулбақо чун «ғозиёни ҷиҳод» дар Биҳишти Барин ҷояшон муайян аст», ақлҳоро тира мегардонад.
Воқеан, бисёр таассуфовар аст, ки баъзеҳо махсусан ҷавонони ба моҳияти ҳаёту зиндагӣ дуруст сарфаҳмнарафта фирефтаи ваъдаҳои бардурўғи ашхоси ҷиноятпеша гардида, дар ин дунё на танҳо худ ҷазо мебинанд, балки ба рўи аҳли авлоди худ ва ба рўи падарону модаронашон бо номи ҷинояткору хиёнатгар доғи сиёҳи якумра мегузоранду дар охират ҳамчун қотилони хуни ноҳақрехта ба ҷаҳаннам сарозер хоҳанд рафт. Зеро ин амали онҳо – бе ҳеҷ зарурате даст ба куштору ваҳшоният задан, ба таҳлука андохтани ҳамватанони худ, ҳамдинону ҳаммазҳабони худ хилофи аҳкоми дини мубини ислом асту ба ҳеҷ як чорчўбаи фаҳмиши инсонӣ мувофиқат намекунад. Дар ҳоле ки дўстдории Ватан аз имондорист, оё ашхоси ба зидди Ватану ҳамватанонаш дасисаҷў магар аҳли имон буда метавонанд?

Маблағ аз «марказ»-у таркиш пайи таркиш

Роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ барои гурўҳи ҷинояткори «Умари Хуросонӣ» 29 декабри соли 2016, яъне дар арафаи Соли нави милодӣ, ба воситаи низоми электронии интиқоли маблағи пулии ҶДММ «Яндекс-деньги » маблағи муайянеро интиқол медиҳанд. Маблағ аз номи ҷинояткори дар ҷустуҷў қарордошта Ҳоҷиев Муҳаммадҷон Каримович, ки даст ба амалҳои экстремистӣ – террористӣ задааст, ба номи Файзиев Равшан - узви гурўҳи экстремистӣ – террористии «Умари Хуросонӣ» ирсол гардидааст.

«Умари Хуросонӣ» худи ҳамон рўз бо ҳамроҳии Файзиев Равшан маблағи ирсолгардидаро аз филиали «Бонки Эсхата» дар шаҳри Қўрғонтеппа мегиранд. Маблағи расида, ки дасту дили ҷинояткоронро гарм карда буду бовар намуданд, ки минбаъд ҳар як амалашон аз «марказ» қадрдонӣ мешавад, зуд аз пайи корнамоии нав мегарданд. Ҳамин тавр, то 8 январи соли 2017 маводҳои заруриро барои таркиши мақсаднок дастрас намуда, дар ҳуҷраи истиқоматии «Умари Хуросонӣ», дар маҳаллаи Зарбдори шаҳри Қўрғонтеппа, бо истифода аз зарфи алюминии нўшокии «Ягуар», ки ғунҷоиши ним литрро дорад, таҷҳизоти таркандаи фосилавиро тайёр мекунанд.
Чун дастури «марказ» ташкил намудани таркиш дар назди биноҳои маъмурӣ ва органҳои ҳифзи ҳуқуқу сўиқасд ба ҷони соҳибмансабон ва кормандони ин сохторҳо буд, сардори гурўҳи ҷинояткор ду маротиба ба кўчаи ба номи Логинови шаҳри Қўрғонтеппа, ба «разведка» мебарояд. Вай ҳар дафъа мошини хизматии милитсияро дар назди идораи БДА дида, нақшаи таркондани онро мекашад.
Субҳи 8 январи соли 2017, тахминан соати 4-и шаб таҷҳизоти таркандаи омоданамудаашро дар назди бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, ба зери мошини хизматии милитсия ВАЗ 21010 гузошта, аз ҷои ҳодиса дур рафта, фурсати муносибро барои таркондан интизор мешавад. Тахминан соати 7-и пагоҳирўзӣ, ҳангоме ки рафтуои одамон дар кўча оғоз мегардад, таҷҳизоти таркандаашро ба воситаи занги телефонӣ ба кор медарорад.
Ғайричашмдошти ҷинояткор қувваи таркиш паст буду мошини хизматии БДА қисман зиён мебинад. «Умари Хуросонӣ» аз ин амали анҷомдодааш қонеъ нагардида, дар хусуси чандон бобарор анҷом наёфтани таркиш ба марказ хабар дода, бо супориши роҳбарони иттиҳод оид ба тайёр намудани дигар намуд таҷҳизоти тарканда дастур мегирад.
Ҳамин тавр, 19 январи соли 2017 «марказ» барои гурўҳи ҷиноятии «Умари Хуросонӣ» аз номи Ҳоҷиев М. Қ. ба номи Файзиев Р.С. боз маблағи муайяне ба воситаи «Яндекс-деньги» ба «Бонки Эсхата» ирсол менамояд. Баъди гирифтани маблағ гурўҳ боз аз пайи супориш мешавад.
Таҷҳизоти таркандаи худсохти фосилавиро ин дафъа бо усулу услуби нав ва бо дастури нави «марказ» тайёр мекунанд. Сипас, сардори гурўҳ 30 январи соли 2017 таҷҳизоти таркандаи дар хонаашон сохтаро ба кўчаи ба номи С. Айнии шаҳри Қўрғонтеппа оварда, дар назди бинои 156 онро ба зери мошини сабукрави «Хундай Голлопер»-и шаҳрванд Темур Валеревич мегузорад. Ҳадаф ба қатл расонидани як шаҳрванди русзабон ва ба ин восита иғвою дасиса андохтан дар ҷомеа, бадном кардани давлат, халалдор сохтани амнияту воҳима ангехтан дар дили одамон буд.
«Умари Хуросонӣ» аз соати 4-и субҳ то соати 7 фурсати муносиби таркишро интизор мешавад. Вай мехост ҳангоме ки соҳиби мошин ба паси чамбарак менишинаду дар атрофу назди мошинаш дигарон, пайдо мешаванд, «бомба»-ашро ба кор дарорад, то ки марги якчанд нафар боиси воҳимаву овозаҳои пурҳарос гардад. Вале фурсате нагузашта, мебинад, ки ба мошини мавриди ҳадаф қароргирифтааш мошини сабукрави «Нексия» - рақами қайди давлатиаш 1438 ВО ЗРТ наздик мешавад, ки онро шахси либоси низомидошта Зоидов А.Ҳ. идора мекард. «Умари Хуросонӣ», ки фармони сўиқасд ба ҷони кормандони давлативу низомиро гирифта буду «гўшбақимор» меистод, фавран таҷҳизоти таркандаашро ба воситаи занги телефони мобилиаш ба кор медарорад. Вале боз кори ин ҷавони ҷиноятпеша чандон омад намекунад. Бар хилофи хоҳиши ў ронандаи «Нексия» марди низомипўш Зоидов А.Ҳ. зиёне надида мошини «Хундай Голлопер»-и Темур Валеревич аз кор мебарояд.
«Умари Хуросонӣ», ки аз натиҷаи ин таркиш ҳам қонеъ нагардида буд, фавран бо «марказ» иртибот гирифта, эътироз менамояд, ки барои такмил додани дониши террористияш оид ба тайёр намудани таҷҳизоти тарканда барояш мураббӣ – инструктори дигар вобаста намоянд, ки натиҷаи корҳояш назаррас шаванд.
Бо супориши роҳбарони иттиҳоди ҷинояткори «Давлати исломӣ» барои «Умари Хуросонӣ» мураббиву мушовири дигар бо лақаби «Абу Амина» таъин карда мешавад. Минбаъд омўзиши «Умари Хуросонӣ» таҳти роҳбарӣ ва бо дастури мураббии нав сурат мегирад.
Вай тайи моҳҳои феврал – марти соли 2017 аз шаҳрҳои Қўрғонтеппаву Душанбе элементҳои даркориашро дастрас намуда, ҳамчунин ду адад «ратсия» низ мехарад. Сипас, дар ҳуҷраи хоби худ, дар маҳаллаи Зарбдори шаҳри Қўрғонтеппа, ҳамроҳи бародари ноболиғаш – Раҷабҷони Зокир дар дохили зарфи оҳанини қавие таҷҳизоти таркандаи аз масофаи дур идорашавандаро тайёр мекунанд. Бародарони ҷинояткор барои бештар гардидани таъсири таркиш дар дохили зарф оҳанпораҳои зиёди гуногунҳаҷмро низ ҷой медиҳанд.
- Акнун аз пайи кор шудан лозим, - мегўяд сардори гурўҳ. – Вай ду бегоҳӣ 10-ум ва 11-уми марти соли 2017 «бомба»-и худсохташонро ба кўчаи Айнии шаҳри Қўрғонтеппа бурда, дар канори роҳ тавре мегузорад, ки шубҳаи касеро ба вуҷуд наорад. Тибқи маълумоти аз «агентҳои разведка»-аш - дигар аъзоёни гурўҳаш гирифта, аз ин ҷой гузаштани хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россияро интизор мешавад. Вале бо сабаби аз ин роҳ нагузаштани шахсони мувофиқ онро ба кор надароварда, шаби 12-уми марти соли 2017, тахминан соати 21, бори сеюм таҷҳизоти таркандаашро бароварда, дар назди бинои Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қўрғонтеппа ҷойгир мекунад. Гузаронидани таркиш дар назди бинои прокуратураи ҳарбӣ ба дастури хоҷагони «марказӣ»-аш бисёр мувофиқ буд.
Худи ҷинояткор - «Умари Хуросонӣ» барои ба кор даровардани таҷҳизот дар масофаи муайян камин мегирад. Инак, садои таркиш дар торикии шаб атрофиёнро ба ҳарос меоварад. Аз қазо шаҳрванди кўҳансол Ҳасанбой Раҳмонов, ки он лаҳза аз роҳ мегузашт, бо бардоштани захмҳои зиёд дар ҷисми худ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Роҳбари гурўҳи ҷиноятпешаи экстремистӣ – террористӣ «Умари Хуросонӣ» аз натиҷаи амали анҷомдодааш, махсусан аз қувваи таркиши таҷҳизоти тайёрнамудааш қаноатманд ба хона баргашта, аз пайи обуранги ирсоли ҳисоботи навбатиаш ба «марказ» мешавад, вале бехабар аз он ки ҳисоботи охирини гурўҳи ҷиноятпешааш аст, ки ин дар ивази 6000+3000 рубли русӣ, ки баробар ба 1149 сомониву 40 дирам мебошад, худаш як умру чор нафари дигар дар маҷмуъ ба муддати 47 сол ҷазои ҳабс гирифтанд. Аҷаб ҳисоботе!

Ҳабибулло Ёров