Сомонаи пешина | Пш, 19 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ансамбли «Дилнавоз» дар Фестивали байналмилалии мусиқӣ дар Хитой иштирок кард

 

Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Фестивали байналмилалии мусиқӣ баргузор гардид.

Дар ҷашнвора ансамблҳои созҳои миллии кишварҳои Олмон, Россия, Тоҷикистон, Муғулистон, Сингапур, Ҳиндустон, Гонконг, Хитой ва Қазоқистон ширкат намуданд.

 

Тоҷикистонро дар ин Ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ ансамбли созҳои миллии "Дилнавоз"-и шаҳри Хуҷанд муаррифӣ намуд.

Фестивал 22 ноябр бо барномаи муштараки кишварҳои иштирокчӣ дар майдони Маҷмааи таърихии "Паолои Муқаддас" оғоз гардид.

23 ноябри соли 2017 дар Маркази фарҳангии Макао дарси маҳорат бо иштироки ҳайати ҳунарии Тоҷикистон доир гардид, ки дар рафти он ҳар як сози мусиқии миллии тоҷикӣ ба ширкаткунандагони ин чорабинӣ муаррифӣ гардид. Дар рафти он миёни ҳунармандони тоҷик ва иштирокчиён табодули афкор ва таҷриба сурат гирифт, ки барои тарғиби мусиқии миллии тоҷик ва сатҳи касбии санъаткорон хеле муфид аст.

Шоми 24 ноябр дар толори муҳташами Маркази фарҳангии Макао барномаи консертии ансамбли «Дилнавоз» дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид. Барномаро саҳнае, ки мониторҳои он бо ангораву нақшу нигори миллии тоҷикӣ ороиш дода шуда буд, ҷолибтару рангинтар намуд. Дар ин чорабинӣ аз мақомоти давлатии Макао ва корпусҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, хамчунин бо назардошти он ки ин кишвар аз нигоҳи саёҳӣ рушд кардааст,  сайёҳон низ ширкат варзиданд. Ҳунарнамои ҳунармандони тоҷик аз ҷониби тамошобин ва созмондиҳандагони ин Ҷашнвора хеле хуб пазируфта шуд.

27 ноябр Фестивал бо консерти оркестре, ки аз ҳисоби мутрибони кишварҳои иштирокчӣ таъсис ёфта буд, ба анҷом расид.