Сомонаи пешина | Сш, 23 Октябр 2018 | 15:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нахустин Намоишгоҳи байналмилалии «АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо-2018»

 Рӯзҳои 23-24 майи соли 2018 дар шаҳри Москва нахустин Намоишгоҳи байналмилалии «АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо-2018» баргузор мегардад. Намоишгоҳи мазкурро Иттифоқи байналхалқии ташкилотҳои ғайридавлатии «Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё» ташкил намуда, ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ баррасии самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар омӯхтани мероси ғании фарҳангии халқҳои Аврупо ва Осиё, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи робитаҳои фарҳангии байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, рушди туризм, нашри китобҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо-2018» хоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро аз сомонаи www.itb-expo.ru дастрас намоянд.