Сомонаи пешина | Сш, 23 Январ 2018 | 01:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Тоҷикистон дар Фестивали фарҳангӣ дар Сеул

 

Гурӯҳи ҳунарии иборат аз 8 нафараи Тоҷикистон дар “Фестивал-намоиши фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ”, ки бо ибтикори Котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея аз 12 то 17 декабри соли 2017 дар Ҷумҳурии Корея доир гашт, ширкат намуд.
Ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ рӯзи 12 декабр дар толори Маркази Фарҳанги Осиёгии Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Кванҷуй ботантана ифтитоҳ шуда, рўзи 15 декабр барнома дар шаҳри Сеул низ идома ёфт.
Дар ду барномаи консертии фиристодагони Тоҷикистон, ки дар радифи барномаҳои ҳунарии намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар шаҳрҳои Кванҷуй ва Сеул сурат гирифтанд, ҳунарнамоии гурўҳи рақсии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола ба номи Ғ.Валаматзода», сурудҳои ҳунарпешаи ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Ф.Шаҳобов-Иброҳимов Хуршед, ҳунарпешаи оркестри эстрадии “Гулшан”- Акназарова Парвиноз ва ҳунарпешаи ансамбли “Садои Суғд”- Олимов Дамирҷонро сокинони Ҷумҳурии Корея хеле хуш пазируфтанд.
Дар чорабинӣ Директори генералии Котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуда, ба сатҳу сифати барномаҳо баҳои баланд дод.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони Тоҷикистонро дар шаҳри Сеул намояндагони корпуси дипломатӣ низ тамошо карданд.
Зимни сафар бо шахсони масъули ҷониби кореягӣ доир ба густариши муносибатҳои фарҳангии тарафайн мулоқоту гуфтугўҳо анҷом дода шуданд.