Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили 110-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода дар Маскав

14.05.21.5Рӯзи 12 майи соли равон дар пойтахти Русия шоми гиромидошти хотираи шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёиён, аҳли эҷод, сардорони намояндагиҳои дипломатии муқими Русия, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, инчунин намояндагони тоҷикон ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар ҳамоиш Директори генералии Китобхонаи адабиёти хориҷӣ Павел Леонидович Кузмин номаи табрикии муовини вазири фарҳанги Русия Олга Сергеевна Яриловаро ба ҳозирин қироат кард.

Лаурети Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, шоири рус, мутарҷим, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус Синелников Михаил Исаакович дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ суханӣ кард. Дар идомаи чорабинӣ ба иштирокчиён филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода ва барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд аз ашъори шоир намоиш дода шуд.

Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода аст.