Сомонаи пешина | Яш, 18 Феврал 2018 | 23:02
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиш дар Осорхонаи миллӣ

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш баргузор гардид. Намоиши мазкур ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шуда, дар он 30 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури кишвар, ки дар хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуданд, ба маърази тамошо гузошта шудааст. 

Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои диёр - дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорони сарзамини моро ҳамчун сарчашмаи обҳои мусаффо муаррифӣ кардаанд. Ҳамзамон дар намоиш филми «Тоҷикистон - кишвари обҳои равонбахш» пешниҳоди тамошобинон гардид.