Сомонаи пешина | Шб, 20 Январ 2018 | 04:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоиши «Ревизор»-ро ба саҳна гузошт

 

Ҳунармадони театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа пайваста талош менамоянд, то намоишномаҳои ҷолибу пурмазмунро омода намуда, онро пешниҳоди дӯстдорони театр созанду ба ин васила дар тарбияи ахлоқиву маънавии тамошобин боз ҳам саҳми бештару хубтар гузоранд.

Ин навбат аҳли эҷоди театри болозикр намоишномаи наверо бо номи «Ревизор» аз рӯи асари нависандаи машҳури рус Николай Василевич Гогол рўи саҳна овардаанд, ки басо пурмаънию тамошобоб мебошад.

Намоишномаи «Ревизор» аз кори афроде, ки манфиатҳои давлатро як су гузошта ба фоидаи худ кор мебараду ба ришвагириву қаллобӣ даст мезанад ва ба мардум ҷабри зиёд месозад нақл мекунад.

Коргардон-таҳиягари намоишномаи «Ревизор» Нигина Раҷабова, хормейстер Нилуфар Абдуллоева, композитор Шералӣ Қосимов, хореографҳо Шариф Азизов, Оймгул Давлатова, консертмейстер Парвина Аҳророва ва рассом-таҳиягар Алимурод Сайдалиев мебошанд.

Нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов ва дигар ҳунармандони варзидаю собиқадор ва ҷавонони соҳибистеъдод иҷро кардаанд.

Намоиши мазкур сеюмин намоишномаи Нигина Раҷабова мебошад, ки дар саҳнаи театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ба намоиш гузошта мешавад.

Худи Нигина Раҷабова дар мусоҳиба чунин афзуд: «Хело хушбахт аз он ҳастам, ки имруз ҳама ҳунармандони соҳибмартабаи соҳа дар ин театр ба кор фаро гирита шудаанд, ки пеш аз ҳама аз маҳорати кордонии худи директори театр Аловуддин Абдуллоев дарак медиҳад. Тасмим гирифтаам,  ки дар оянда бо театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа корро боз ҳам ҷоннок кунаму намоишномаҳои хуб ва баландмазмунро ба саҳна гузорам».

Намоишномаи  «Ревизор»  аз ҷониби роҳбарияти Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шӯрои бадеии назди театри мазкур хуб ва дар сатҳи баланд қабул гардид ва таъкид рафт, ки ин намоишнома бо навбат пешниҳоди сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон гардонида шавад.

Далер Шарифов