Сомонаи пешина | Сш, 23 Январ 2018 | 01:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Китобҳои тозанашр

Дар нашриёти «Истеъдод» моҳи равон барои ҳаводорони каломи бадеъ ва дўстдорони адабиёт се асари тозаэҷоди адибону олимон рӯи чоп омад.
Маҷмўаи Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур бо унвони «Борони сабз», ки дар он асосан шеърҳои кўтоҳ, фард, қитъа ва рубоиву дубайтиҳо ҷой дода шудаанд, бо умеди сабзаҳои боғи дили ҳаводоронро хуррамтар гардонидан нашр гардид.
Бо ташаббуси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов китоби Э. Гейзер «Очерки о таджикской музыке» чоп шуд, ки он ба фаъолияти эҷодиву асарҳои композиторони тоҷик, ки дар охири солҳои 60 -90 ум нашр гардидаанд, бахшида шудааст.
«Ҷустуҷўҳои адабӣ» маҳсули эҷоди илмиву адабии устодони кафедраи назария ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2014 инҷониб нашр мегардад. Шумораи навбатии ин маҷалла низ умдатарин масоили адабиётро инъикос намуда, хеле маводҳои ҷолибро дарбар гирифтааст.