Сомонаи пешина | Сш, 23 Январ 2018 | 01:01

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“КИТОБХОНА ДАР ОИНАИ МАТБУОТ”

Ба муносибати 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ китоби ҷашнӣ таҳти унвони “Китобхона дар оинаи матубот” аз силсилсаи “Китобхонаи китобшиносӣ” тавассути нашриёти “Меъроҷ” мунташир шуд. 
Китоб аз пешгуфтор, қисмҳои “Мақолаҳои илмӣ-таълимии китобдорону китобшиносон”, “Феҳристи мухтасари мақолот доир ба фаъолияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ” ва замимаҳои ифодагари муҳимтарин дастовардҳои илмӣ-методӣ ва библиографии китобдорон иборат аст.
Дар пешгуфтор, ки “Оинаи ҳусни амал” ном дорад, директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов дар мавриди аҳамияти китобхонаҳо ва саҳми китобдорон дар такомули маънавию фарҳангии аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори назар карда, оид ба таърихи Китобхонаи вилоятӣ ва мазмуну мундариҷаи китоб маълумот додааст.
Дар қисми “Мақолаҳои илмӣ-таълимии китобдорону китобшиносон” навиштаҳои Баҳром Мирсаидов, Нодирҷон Солиҷонов, Аҳрорҷон Ахмедов, Мунира Ҳакимова, Мавзуна Ҳамробоева, Шодӣ Ҳасани Шарифниё дарҷ гардида, дар онҳо масъалаҳои эҳёи анъанаҳои суннатии тармими дастхату китобҳои чопи сангӣ, нақду баррасии асари энсиклопедӣ, назарияи тасвири библиографии аснод ва аснодшиносӣ, истилоҳоти муосири китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ, соҳаи китобдорӣ ва рушди он дар даврони Истиқлолият мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода шудааст.
Қисми асосӣ ва муҳими китоб “Феҳристи мухтасари мақолот доир ба фаъолияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ” мебошад, ки дар он 391 номгӯ мақолаву навид бо забони тоҷикӣ (аз 7 майи соли 1941 то 2 декабри соли 2017), 191 номгӯ мақолаву навид бо забони русӣ (аз 21 июли соли 1939 то 11 окятбри соли 2017) гирдоварӣ шудаанд. Дар гирдоварӣ ва таҳияи ин феҳрист ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ ва хизматрасонӣ Аҳрорҷон Ахмедов ва Мунира Ҳакимова, сардорони шуъбаҳо ва китобдорон Мавзуна Ҳамробоева, Абдулазиз Қаландаров, Мавлуда Юнусова, Мунаввара Ҳошимова, Мухлиса Бобохонова, Рокия Рабиева, Маҳфуза Ҳасанова, Заррина Мухаммедова саҳми арзанда гузоштаанд. Бо истифода аз феҳристи мазкур на фақат аз таърихи фаъолияти китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ, балки аз вазъи хизматрасонии китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз соли 1939 инҷониб иттилоъ пайдо кардан мумкин аст.
Дар замимаҳо номгӯйи дастурҳои методӣ-библиографӣ ва маводи тарғиботии соҳавии дар даврони Истиқлолият таҳиякардаи китобдорону китобшиносон (солҳои 1971), рӯйхати “Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ” (солҳои 2004-2017), рӯйхати ғолибони озмуни “Беҳтарин китобдори сол” (1997-2017) оварда шудааст.
Китоби ҷашнии “Китобхона дар оинаи матбуот” барои алоқамандони таърихи фарҳанги кишвар, бавижа соҳаи китобдориву китобхонашиносӣ ҳадяи хуб мебошад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ