Сомонаи пешина | Яш, 07 Март 2021 / 22:03
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Санъати гулдӯзӣ

Гулдӯзӣ навъи санъати ороиши амалии халқӣ, ки дастӣ (бо сӯзан ва чангакҳои махсус) ё бо воситаи мошинаи махсуси гулдӯзӣ дар рӯйи матоъҳои гуногун, пӯст, намад бо ресмонҳои пахтагӣ, абрешимӣ ва нахҳои зару нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қимматбаҳо, шаддаи реза, мӯҳраҳои хурд, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо ва марҷону марворидҳо дӯхта мешавад. Гулдӯзӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадимӣ буда, мардуми ҳар минтақа сабки хосси худро дорад. Имрӯзҳо як ҷузъи бисоти арӯсонро сӯзанӣ, рӯйҷо, ҷойнамоз ташкил медиҳад ва орзуҳои неки волидайн дар нақшҳои сӯзанӣ таҷассум мегардад.

Яке аз ҳунармандони машҳури санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рассоми халқӣ Зулфия Баҳриддинова (1922-2013) мебошад. Ӯ 7 марти соли 1922 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи ҳунарманд тавлид ёфтааст. Зулфия Баҳриддинова бо унвонҳои Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон(1957), Рассоми халқии РСС Тоҷикистон (1974) ва бо ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ ордени “Дӯстии халқҳо” бо чанд медалу ва шаҳодатномаҳо сарфароз гаштааст. Зулфия Баҳриддинова хеле барвақт ҳунари гулдӯзиро аз худ кардаанд. Бо дастони моҳири худ сӯзаниҳои миллиро, ки аз нақшу нигори мухталифи миллӣ бой будаанд ва аз ҷониби коршиносон, мухлисон ҳамчун шоҳкорӣ беназир шинохта шуда буд, дар олам машҳур буданд. Санъати волои сӯзанидӯзиро ин дӯзандаи моҳири тоҷик тамоми ҳиссиёт, ғаму андӯҳ, орзу ва ақидаҳои худ ва ҷомеаро дар бораи табиат дар нақшу нигори сӯзаниҳо ифода мекард, бо вуҷуди ҳамаи ин ӯ қодир буд, ки дар тасвирот ва ороишоти бойи ҳайратангези худ, дар бораи ҳаёти инсон нақшҳои хеле аҷоиб ва гуногун офарад. Зулфия Бахриддинова 18-уми ноябри соли 2013 дар синни 91 солагӣ аз олам чашм пӯшидаанд.

Дар оғози толори “Тамаддуни Ориёӣ”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд маҳсули кори дастии гулдӯз Зулфия Баҳриддинова бо рамзи ориёӣ болои матоъ дӯхташуда, ки дар он мавҷудияти қувваи некӣ (Аҳурамаздо) акс ёфтааст ба намоиш гузошта шудааст.

Дар толори намоишии осорхона ва фонди он сӯзаниҳои зиёд маҳфуз аст. Аз ҷумла ҳунари дастии кашидадӯзӣ моҳир Зулфия Баҳриддинова, сӯзании “Дилафрӯз” дар фонди осорхона таҳти №3303 номнавис шуда, нигоҳдорӣ мешавад. Аз рӯи гуфти супорандаи асар кашидадӯз сӯзаниро ба бисоти арӯсии наберааш Дилафрӯз дӯхтааст.

Матои сӯзанӣ шоҳии рангаш бунафш буда, аз гулдоираҳои ҳаҷмаш калон иборат мебошад. Гулҳои сӯзанӣ бо риштаҳои рангаш сафед, зард, сурх дӯхта шудаанд. Гирди гулдоираҳо нақши каҷҷак дошта, нусхаи гули бобуна ва лоларо дорад. Байни гулдоираҳо нақши шохаҳои гул тасвир ёфтааст.

Тиляева Шаҳноза
корманди илмии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”