Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 08:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазъ ва нозукиҳои ҳунари созтарошӣ

Мардуми тоҷик дар баробари ҳунарманд будан, нисбати санъату фарҳанг низ бетаваҷчуҳ нестанд. Аз қадимулайём бо садои асбобҳои гуногуни мусиқӣ, ки дастранҷи худи эшон аст, мерақсиданд, суруд замзама мекарданд ва орзуву ормон, дарду алами ғарибиву нобасомониҳои рӯзгорашонро бо асбоби сохтаашон ҷур намуда, месароиданд. Ба ин далел дар хонадони мардуми тоҷик намунаи ин ё он сози мусиқиро дучор омадан як чизи муқаррарӣ аст. Дар сохтани асбобҳои мусиқии халқӣ ҳам занон ва ҳам мардон ҷалб гардидаанд. Вале аз ҷониби занон танҳо баъзе доираҳо сохта мешаванду халос. Асбобҳои дигари мусиқиро одатан мардони ҳунарманд месозанд, чунки он заҳмати бисёрро талаб менамояд. Ҳар як асбобе, ки сохта мешавад, аз ҷиҳати пардагузорию нотаҳо санҷида мешавад. Пеш аз ҳама ҳунарманд дарк карда тавонад, ки оё садое, ки аз асбоби сохтаи вай бурун меояд, ба талаботи шунавандаву истифодабаранда мувофиқ аст, ё не. Албатта, ҳунармандоне ҳастанд, ки асбобҳои тайёрнамудаашон на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он шуҳраи олам гаштааст. Масалан, усто Ғулом ва усто Саидислом Қодировҳо дар ҳунари дутортарошӣ ҳамто надоранд. Дар ҳақиқат асбобҳои тайёрнамудани эшон ба ҳамаи мутрибону овозхонон писанд буда, аксарашон аз маҳсули дасти онҳо истифода менамоянд. Дар қатори ин боз ҳунармандонеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз рӯи завқу салиқаи хеш ба сохтани асбобҳои мусиқӣ шуғл меварзанд. Дутортарошӣ ҳам касби нисбатан мураккаб буда, барои сохтани он ҳунарманд ҳатто солҳо тайёрӣ мебинад. Зеро маҳсулоте, ки барои сохтани дутор истифода мешавад, бояд марҳилаҳои заруриро тай намояд.

Ҷонмаҳмадов Пирмаҳмад (с.тав.1953, маълумоташ миёнаи техникӣ), сокини кӯчаи Чортути ҷамоати шаҳраки Муъминобод, аз зумраи ҳунармандони дутортароше мебошад, ки аз рӯи завқ барои давом додани касби аҷдодӣ ба сохтан ва таъмиру тармими асбобҳои мусиқӣ машғул аст. Аз соли 1975 дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи устодаш Абдураҳим Собиров барои сохтани ҳар гуна асбоб машғул буд. Бо сабаби шунавоии мусиқии хуб доштанаш вайро ба гурӯҳи оркестри хизмати ҳарбӣ – курси омӯзиши асбобҳои мусиқӣ шомил месозанд. Имрӯзҳо ӯ аз уҳдаи сохтану тармими 36 намуди асбоби мусиқӣ ба хубӣ мебарояд. Созҳои мусиқӣ одатан аз чӯби дарахтони гуногун сохта мешаванд, масалан, аз чӯби сафедор танҳо тахтаи болои асбоби дуторро сохтан мумкин аст. Агар тахтаи болои косаи дуторро аз чормағз, зардолу созанд, овозаш форам ё хуб намебарояд, чунки ин чӯби ин навъи дарахтон сахт буда, садоро ба берун намедиҳанд.

Баробари ин ҳунарманд тору дутор, дойраву таблак, созҳои аврупоии аккордиону балалайкаро бо санъати баланд навохта метавонад. Шогирдонаш дар шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Тавре ки ҳунарманд ишора намуд: «бояд ҳар як усто нотаро хуб донад ва навохта тавонад».

Ҳатто навозандагону сарояндагон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои харидорӣ намудани созҳои мусиқӣ меомаданд. Аз ин маълум мешавад, ки Ҷонмаҳмадов Пирмаҳмад созандаи хуби созҳои мусиқӣ дар минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи он мебошад.

Кундаи дарахтро чи қадаре ки дар об зиёд монанд, ҳамон қадар хубтар аст, ки об шираи дарахтро мегирад. Агар дар оби сиёҳ партоянд боз хубтар, оби ботлоқ чӯбро барвақттар омода месозад. Дар чунин об чӯбро тар карда, баъди се-чор моҳ онро гирифта, асбобро месозанд. Кундаро аз об бароварда, дар халтаи селофанӣ, ки ба он ҳаво нарасад, меандозанд ва кунда худ аз худ хушк шудан мегирад. Ба монанди ҳунари табақтарошӣ, агар ба чӯб шамол расад, ки онро мекафонад.

Қолаби ҳар як асбобро дар қоғаз тасвир карда, баъдан онро аз чӯб қолаб гирифта месозанд. Агар қисмҳои дуторро дар якҷоягӣ созанд, мушкилтар буда, чӯб тоб хӯрданаш ҳам мумкин. Вале агар дастаро ҷудову косахонаашро ҷудо тайёр кунанд, беҳтар аст ва кораш ҳам осонтар мебошад. Устои моҳир қисмҳоро бо ҳамдигар чунон васл мекунад, ки онҳоро ширеш накарда, ба якдигар мечаспад ва ҳатто намеҷунбанд. Баъдан барои боз ҳам мустаҳкамтар шуданаш тавассути ширеш қисмҳоро ба ҳам пайваст мекунанд. Дар замони Шӯравӣ махсус ширешҳоеро аз Олмон меоварданд, ки барои насб кардани асбобҳои мусиқӣ мувофиқ буд. Аммо ҳунармандоне ҳастанд, ки аз замонҳои пеш то ҳол ширешро худашон омода менамоянд. Шираи сечикро бо об гардон мекунанд ва баъзе моддаҳоеро илова менамоянд, ки мисли шир мешавад. Ширеши тайёрро дар ҷои даркории чӯб мемоланд ва оҳиста-оҳиста он ширешро ба худ ҷабида мегирад. Масалан, рубоби қашқарӣ се пайванд дорад. Агар оби чӯб баромада бухор шавад, он тоб мегирад ва асбоб каҷ шуданаш мумкин.

Мисли минтақаҳои дигар ҷузъҳои дутор бо номҳои мухталиф маъмул аст: шайтонхарак, гӯшак, зӣ (зеҳ, ки онро асосан аз рӯдаи буз ё гӯсфанд омода месозанд). Дар сохтани ҳар як сози мусиқӣ асбобҳои кории гуногун, аз қабили теша, ранда, арра ва ғайра корбурд карда мешавад.

Дутортароши дигаре, ки аз майлу рағбат ба ин пеша рӯ овардааст, Толибов Файзалӣ (с.тав. 1959, маълумоташ миёнаи махсус), сокини ҷ.д. Ҳилолӣ, шаҳраки Меҳнати ноҳияи Хуросон. Шуғли пешинааш оҳангарӣ буда, баъд аз кӯч бастан ба ҷои дигар вай ба ҳунари дутортарошӣ машғул гардид. Дар манзили нав бо сабаби пурра дастрас набудани қувваи барқ ӯ оҳангариро давом намедиҳад. Бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои гуногун ҳунарманд ба созтарошӣ рӯ овардааст, ки дастрасии ашёи хом ҳам осонтар аст ва талаботи мардум низ зиёдтар мебошад. Аз суҳбат бо ин ҳунарманд бармеояд, ки: «ҳунарманд метавонад бо роҳу усули худомӯзӣ аз уҳдаи ҳама гуна ҳунар барояд».

Ба гуфтаи ин марди ҳунар чи қадаре ки чӯб сахт бошад, овозаш ҳамон қадар баланду форам буда метавонад. Агар чӯб мулоим бошад, овозаш паст мешавад. Дастаи дутор аз тирак бошад, овозаш нохуш, аз бед бошад овозаш форам аст. Вале гуфтаҳои ин ҳунарманд то ҷое ғалат буда, созтарошон дастаи дуторро асосан аз чӯби зардолу ва баъзан чормағзу тут месозанд. Коса, даста қалпоқ, гӯшак, харак, шайтонхарак аз қисмҳои дутор ба шумор мераванд. Дарозии дастаро бо коса мувофиқ мекунонанд, то ки ҳангоми навохтан оҳанг ноҷур нашавад. Дар марҳилаи омода кардани дутор чашми дарахтро ба назар гирифта ашёи хомро истифода мекунад. Вай ашёи хомро ҳамчун мавод аз соҳибонашон харидорӣ намуда, муддати як сол дар об тар мекунад, то ширааш барояд.

Шароити кории Толибов Файзалӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо ин ҳол вай наметавонад шогирдонро ба омӯзонидани созтарошӣ ҷалб намояд. Аз суҳбат бо вай хулоса кардан мумкин аст, ки дастгирӣ аз ҷониби ҳукумати ноҳия дида намешавад. Аммо ҳунарманд мехоҳад, ки коргоҳе дошта бошад вашогирдонро ҳунари дутортарошӣ омӯзонад.

Усто Сулаймон Назаров – созтарош, яъне думбрасоз, дутортарош, сетортарош (с.тав. 1937) дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Ин марди ҳунар аз овони хурдсолиаш ба сохтани созҳои мусиқӣ майлу рағбат доштааст. Ҳар чӯберо, ки барои сохтани ягон сози мусиқӣ мувофиқ буд, ҷамъоварӣ мекардааст. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста завқаш нисбати ин касб зиёдтар гардида, дар натиҷаи таҷрибаҳои тӯлонӣ вай имрӯз яке аз созтарошони хуби ноҳия ба ҳисоб меравад.

Назаров Сулаймон асосан аз чӯби зардолу, тут, арча, туғ, анҷир (аз ҳама беҳтар аст) истифода менамояд. Вақте ки анҷир хушк шуд, аз санг ҳам сахттар мешавад, вақте чӯб сахт аст, овозаш хуш аст. Аммо дарёфт намудани дарахти анҷир каме мушкил мебошад. Барои ҳамин ҳам дуторе, ки аз дарахти анҷир сохта шудааст, нархи гарон дорад. Аз ин бар меояд, ки форам будани овози асбобҳои торӣ на танҳо аз тахтаи болои он, балки аз косахонааш низ вобастагӣ дорад. Қисмҳои дуторро дар ин минтақа чунин ном мебаранд: қопа (косахона), тахта, гӯшик (гӯшак)-чртк – сахткунак (дар баъзе ҷо бинӣ мегӯянд) ва даста.

Аз рӯйи гуфтаи ин ҳунарманд чӯбро бояд тар тарошанд, агар хушк бошад, косаи дутор кафиданаш аз эҳтимол холӣ нест. Дар замонҳои пеш ба воситаи теша косаро метарошиданд, ҳоло бошад ин амалро тавассути дастгоҳи барқӣ анҷом медиҳанд. Баъди омода намудани қисмҳои дутор ҳар яки онро тариқи ширеш ба ҳамдигар васл мекунад. Вай ширешро аз шираи танаи дарахти зардолу ҳосил мекунад. Чуноне ки ишора намуд: «ширеши зардолуро тар карда дар асбоб молида ҳар ду тори зиро печида маҳкам мебанданд ва дар ҷое мемонанд, то хушк шавад. Шилми зардолуро дар қабати торе, ки аз рӯда сохта шудааст, молида мепечанд. Баъди таранг шуда хушкиданаш онро ба дутор мекашанд. Вале умри торе, ки аз рӯда сохта мешуд, кутоҳ буд. Он танҳо як-якуним сол хизмат мекунад».

Баъди сохта ба итмом расонидани асбоб вай косахона ва дастаи онро ҳатман кандакорӣ мекард. Солҳои охир азбаски синну соли ҳунарманд то ҷое расидааст, дигар ҳавсалаи нақшу нигор кардани дуторро надорад.

Ҳамаи ҳунармандоне, ки дар экспедитсияҳои мардумшиносию санъатшиносӣ бо онҳо мусоҳибаҳо гузаронидем, як суханро такрор мекарданд: «он устое, ки асбобро навохта натавонад, аз уҳдаи сохтани он намебарояд».

Аз мусоҳиба бо се ҳунарманди созтарош аз се минтақаи кишвар ба хулосае омадан мумкин аст, ки агар дастгириву ҳавасмандгардонии ҳукумати ноҳия бошад, кори ҳунарманд хуб пеш меравад. Ҳунармандоне ҳастанд, ки маҳсули дасташон арзиши хеле баланд дошта, дар арсаи байналмилалӣ мақоми махсусро соҳиб шуда метавонад. Мутассифона, онҳо аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дастгирӣ намеёбанд, ки ин боиси дилсард гардидани ҳунарманд мешавад. Тавре ки Толибов Файзалӣ қайд кард «боре бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маркази вилоят намоиш-фестивал гузаронида шуд. Дар чорабинӣ аз шаҳру деҳотҳои атрофи вилоят ҳунармандон бо намунаи дастранҷи хеш ширкат доштанд. Вале ҳангоми ҷамъбаст аз тарафи ҳакамон ҷойҳои намоён ба ҳунармандоне пешниҳод гардид, ки на маҳорати баланд ва на салиқаи офаридану эҷод намудани ягон маҳсулотеро доштанд».

Абдуллоев Акобир
мудири шуъбаи фаъолияти
фарҳангӣ - фароғатӣ