Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 06:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАБАҚТАРОШӢ – КАСБИ БОБОӢ

kosai tojikiТабақтарошӣ аслан дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равнақу ривоҷи тозаро касб кардааст. Маҳорати хуби устодони ин ноҳия аст, ки табақҳои гуногуни онҳо берун аз бозори дохилӣ дар дигар кишварҳо роҳ ёфтаанд.

Табақҳои тарошидаи усто Мирхоҷа Имомқулов аз ноҳияи Роштқалъа аз дигарон камӣ надоранд.

Усто Мирхоҷа мегӯяд, ки табақтарошӣ кори мавсимӣ набуда, вобаста ба фармоиши мизоҷон тамоми фасли сол сурат гирад. Дастгоҳҳои ҳозиразамони корӣ дар дохили ҳавлиаш насб шуда, бо қувваи барқ ба кор дароварда мешаванд.

Усто табақро аслан аз чӯби бед, сафедор, чормағз, тут, зардолу тайёр мекунад. Вале дар бештар маврид аз чӯби чормағз кор мегирад, ки нисбатан он сахт буда, метавонад солҳои дароз хизмат кунад.

Ҳамзамон вай чун устои созтарош дар вилоят ном баровардааст. Асбобҳои тарошидаи ӯро хонаҳои фарҳанг, мактабҳои мусиқӣ ва сокинони вилоят харидорӣ мекунанд.

Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ

Бознашр аз рӯзномаи «Баҳори Аҷам» №23 (571) 17 августи соли 2021, Сешанбе