Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи консертии ҳунарпешаҳои ҷавони рақс ва балет

 

4 июни соли 2018 соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертии ҳисоботии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова баргузор мегардад.

Барномаи консертӣ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин 15-умин солгарди фаъолияти Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова бахшида мешавад.