Сомонаи пешина | Дш, 20 Август 2018 | 10:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ТИФЛОНИ ХУШБАХТ. Ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бахшида мешавад

 

Дар оғози асри гузашта сафири Чин дар Сан-Франсиско қарор дод, ки 1 июн кӯдакони бе падару модар мондаро ҷамъ орад ва барои онҳо иде барпо намояд. Дар ҳамин рӯз дар Женева кофронс бахшида ба мушкилоти насли наврас барпо гардид. Ба шарофати ин ду рухдод ғояи таъсиси ид бахшида ба кӯдакон тавлид ёфт.

Дар солҳои охир ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони дунё хеле муҳим гардид. Дар замони ҷангҳо бисёре аз онҳо волидайн ва наздиконашонро аз даст дода, ятим монданд. Соли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан  соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон  муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон  сабт гардидааст. 

Мутаассифона, имрӯз дар саросари дунё бисёре аз кӯдакон зҳтиёҷ ба муолиҷа доранд, аммо бо сабаби дастнорасии он мефавтанд. Бисёре аз кӯдакон бехона ва гушнаву ташнаанд. Онҳо имконияти дар мактаб хондан надоранд. Илова ба ин, чӣ қадар кӯдакон барои иҷрои корҳои вазнин ба сифати қувваи кории бепул истифода мешаванд ва ҳатто ба ғуломӣ фурӯхта мегарданд. Ин далелҳои риққатовар ҳамаи моро даъват ба ҳимояи кӯдакон мекунанд. Ин масъалаҳо на танҳо ҳамин як рӯз, балки ҳамарӯза бояд моро ба андеша оранд. Зеро кӯдакони солим – ояндаи хушбахтонаи сайёраанд.

Боиси сарфарозии мо, тоҷикон аст, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддунамон аз қадимулайём дар ҷодаи ҳимоя ва парвариши тифл,  масъулияти ҷомеа ва волидайн дар тарбияи кӯдакон заминаҳои мустаҳками илмиву амалӣ гузоштаву таҷрибаи ғании гузаштагонро ҳифз кардааст. Осори бузургони илму адабамон, суннатҳои баланди оиладории мардуми тоҷик аз қадимулайём, ки дар баробари зода шудани тифл дар андешаи тарбияи солим ва дурусти он будаву аз истифодаи доя то таълиму тадрис дар назди донишмандон ва омӯзиши ҳунару одоб  ва тарбияи ҷисмонии кӯдакону наврасон рисолаву  дастурҳои зиёде эҷод кардаву таҷрибаҳо андӯхтаанд, гувоҳи фарҳангсолории миллати мо мебошад.

Боиси сарфарозии мост, ки пас аз комёб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таълиму тарбияи атфол ва кӯдакони мо ба шакли наву мувофиқ ба замона  эҳёи  тоза ёфт. Аз ибтидои даврони  истиқлолият давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар андешаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак буда, Конвенсияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварро бо муқаррароти онҳо мутобиқ сохтанд.

Тадбирҳое, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо андешида шуданд, мисли таъсиси Комиссия дар дифои ҳуқуқи кӯдак дар назди ҳукумат, Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва  манфиатҳои кӯдак барои солҳои  2003 – 2010 ва Стратегияи миллӣ оид ба саломатии кӯдакон ва наврасон барои даврони то соли 2015  гувоҳи андешидан ва  анҷом додани тадбирҳои самаранокеанд, ки дар кишвари кӯдакпарвари мо анҷом дода мешаванд.

Ахиран  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки имрӯз дастур ва роҳнамои тамоми идораву муассиса, хонаводаву ҷомеаи мо гардидааст, то куҷо ҷиддӣ аз ҷониби ҳукумату давлат ва халқи мо пайгирӣ шудани ин масъалаи аҳамияти муҳим доштаи ҷомеаи моро нишон медиҳад. Ва ин беҳуда нест. Тоҷикистон кишвари кӯдакон аст. Аз рӯи нишондоди синну сол Тоҷикистони мо яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, 35 фоизи сокинони онро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистони мо кӯдакон аз тамоми ҳуқуқҳо бархурдор буда, бо таҳсил, табобат ва имтиёзҳи хоси худ фаро гирифта мешаванд ва таҳти ғамхории доимии давлат ва ҳукумат қарор доранд, зеро онҳо дар кишвари давлати иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд ва дар ин кишвар ҳуқуқҳои иҷтимоии кӯдакон, аз ҷумла, гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати он ҳифз карда мешавад.

Ин хушбахтии кӯдакони мост, ки илова ба эътирофи ҳама қонуну конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи кӯдакон аз ҷониби далат ва ҳукумати Тоҷикистон, кишвари мо соҳиби Сарварест хайрхоҳу раҳмдил, тифлдӯст ва ватанпараст, ки бо дастгирӣ аз ятимону бепарасторон ва камбизоатон маъруфият пайдо кардаанд. Ҳамаи мо шоҳиди  ғамхориҳои ҳамешагӣ ва пайвастаи Пешвои миллатамон аз тифлакону наврасоне ҳастем, ки бе хонаву дар, бе падару модар мондаанд ё оҷизу маъюбанд. Соле чандин маротиба ҳам дар оғозу анҷоми сол ва ҳам дар идҳои милливу динӣ, аз қабили идҳои Қурбону Рамазон ва ҳар муносибати дигар Пешвои миллати мо на танҳо худ бо дастовезу ҳадяҳо ба дидори маъюбону ятимон ва камбизоатон мешитобанд, балки ҳамагонро ба иҷрои корҳои савобу хайр нисбат ба онҳо даъват ва сафарбар менамоянд. Бо чашми худ дидаву ба гӯши худ шунидаем, ки аксар ятимону бепарасторон бо муҳаббати баланд ва ашк дар чашм Пешвои миллатамонро падари худ мехонанд, зеро аз каси дигар чунин навозиш, ғамхориву меҳрубонӣ ва дасти шафқат надидаанд.

Ҷавҳари инсонпарастӣ, анъанаву суннатҳои неки мардуми хирадпеша ва куҳанбунёди тоҷик имрӯз ҳам дар ниҳоди худи халқ, ҳам дар сиёсати дохилии Ҳукумат ва ҳам дар сиришти Пешвои миллат ҷилои тоза ёфтааст.

“Кӯдак бинобар норасоии камолоти ҷисмонӣ ва фикриаш ба ҳимояву ғамхории махсус, аз ҷумла, ба ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар давраи то таваллуд ва ҳам баъди он эҳтиёҷ дорад”,- таъкид шудааст дар Эъломияи ҳуқуқи башар. Дар ин асос Ҳукумати Тоҷикистон ба кӯдакону наврасоне, ки имконияти ҷисмонӣ ва вазъи иҷтимоияшон маҳдуд аст, як силсила бартариву имтиёзҳо муқаррар намудааст, ки инҳо ба ҷавҳари инсонпарваронаи мардуми мо ва суннату таомули башардӯстонаи халқи тамаддунсозамон созгоранд. Тадбирҳое, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб андешида шудаанд, аз ин ҷумлаанд. Таҳсили ройгон, таъмини нафақа, нигоҳубину парасторӣ, таъмин намудан бо хобгоҳ ва ҷои кор, дастгирии вазъи моддӣ пайваста дар мадди назари масъулини ҳукумати кишвар мебошад. Дар кишвари мо таҳти кафолати давлат тамоми кӯдакон бо таҳсил ва таълими умумии ҳатмии ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ фаро гирифта мешаванд.

Аз ҷониби давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои таълиму тарбияи ҳамаи гурўҳҳои кўдакону наврасон шароит муҳайё гардидааст. Аз ҷумла, барои фаро гирифтани кўдакони душвортарбия дар мамлакат мактаби махсус фаъолият дорад, ки таълим дар ин муассиса дар доираи барномаҳои хосса сурат гирифта, барои хонандагон шароити хуби зист ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Чорабиниҳои зиёде, аз ҷумла фестивалу озмунҳо, мусобиқаҳои гуногун, ҷашнвора ва машғулияҳои дигар барои фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба ҳунарҳои гуногун, бедор кардани завқи эҷодии онҳо, тарбияи эҳсоси зебоифаҳмӣ ва ғайра барпо карда мешаванд, ки сол то сол доираи бештари хурдтараконро фаро мегиранд.

Аммо наметавон гуфт, ки ҳама корҳои мо дар ин ҷода, яъне тарбияи насли наврас хубу бе камбудианд. Ҳанӯз ноболиғоне, ки эҳтиёҷ ба раҳнамоиҳо доранд ва ҳатто даст ба ҷиноятҳо мезананд, ёфт мешаванд. Як сабаби рӯ овардани наврасон ба ҷиноят аз беназоратии волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа рӯй додааст. Дар пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ва беҳтар кардани вазъи таълим ва хусусан тарбияи наврасон  нақши падару модар бояд ҳалкунанда бошад. Маҳз бо ҳамин ҳадаф бо ташаббуси Пешвои миллатамон қонуни махсус “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид, ки бояд моро дар ин ҷода раҳнамо бошад. Яъне дар баробари давлату ҳукумат  падару модар низ бояд вазифаҳои ба зиммадоштаашонро иҷро кунанд. Вагарна дар ин ҷода ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан душвор аст.

Пешвои миллатамон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон якуми июни соли 2011 гуфта буданд:

“Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон на танҳо рўзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кўдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рўз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кўдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кўдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст”.

Соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии саломатии аҳолиро барои солҳои 2010 – 2020 тасдиқ кард, ки масъалаи беҳдошти саломатии кӯдак дар он мақоми асосӣ дорад. Дар ин байн даҳҳо таваллудхонаву бунгоҳҳои тиббӣ таъмир гардида, бо таҷҳизоти наву имрӯзаи тиббӣ ҷиҳозонида шуданд. Дар тамоми гӯшаҳои кишвар бунёди таваллудхона, табобатгоҳ ва бунгоҳҳои тиббӣ идома дорад ва чунонки Сарвари давлат дар суханронии худ зикр карданд:
“Давлат дар фаъолияти худ меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кўдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кўдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ў аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.

Ба ҷомеаи мутамаддин аз рўи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кўдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ  гуна муносибат мекунанд.

Аз ин рў, танҳо саъю талоши дастҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад”.

Имрӯзҳо вазъи носолими байналмилалӣ, муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ зиёну осеб ва фоҷиаҳои даҳшатборро бар сари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан кӯдакони бегуноҳи сайёра овардаанд. Санад ва далелҳое, ки Пешвои миллати тоҷикон бо камоли масъулият ва изтироби баланди инсонӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон овардаанд, бори дигар мо ва ҷомеаи байналмилалиро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба вазъияти шигифтангези баамаоомада набояд  бетараф бошем.

Ин далелҳо чунинанд:

“Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 млн 600 ҳазор нафар расидааст”, ки дар байни онҳо кӯдакону наврасон кам нестанд. Дар санадҳои овардаи Пешвои миллат ҳамчунин гуфта шудааст, ки “ҳар сол бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ 1 млн 400 ҳазор нафар кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад”.

Дар моварои ин манзара тадбирҳо ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари кишварамон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқамон дар дохили кишвар ва пешгирии фоҷиаҳо дар сатҳи сайёра, хусусан барои ҳифзи табиат ва оби тоза дар дунё ҷило ва аҳамияти хосса пайдо кардаанд.

Воқеан, фардои дурахшони  кишварро метавон танҳо дар чеҳраи дурахшони тифлакону кӯдакони нозанини мо дид. Дар шароити Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, муҳити ифтихору худшиносӣ, ҳавои солиму созанда ва тинҷиву амонии муҳайёгардида вазифаи муқаддаси мо ин аст, ки заминаҳои фардои дурахшон ва ободу зебои кишварамонро бунёд гузорем. Ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон, тарбияи солими насли созандаи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки танҳо бо ҳамин  роҳ мардуми моро метавон ба  фатҳи армонҳои миллӣ ва соҳили мурод расонид.

 

Камол НАСРУЛЛО,

АМИТ "Ховар"