Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 05:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Об сарвати бузург дар дунё аст

 

Китоби доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ «Об аз тилло қиматтар», ки дар нашриёти «Истеъдод» ба тозагӣ рӯйи чоп омад ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида шудааст.

Дар асар оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ дар ҷаҳон, инчунин донишҳо дар бораи об, хосиятҳои муолиҷавӣ, истифодаи амалии он дар ташхис ва табобати бемориҳои гуногун маводи хонданӣ нашр гардидааст. 

Китоби мазкурро донишҷӯён, пизишкон, кормандони илмӣ, омӯзгорон, кормандони ВАО ва умуман ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд саломат бошанд, метавонанд мавриди истифода қарор диҳанд.