Сомонаи пешина | Чш, 24 Октябр 2018 | 02:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Саҳми донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг дар ободонии ноҳияи Рӯдакӣ

2 июни соли 2018 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳашари умумӣ бо мақсади тозаю озодагардонии муҳити зист гузаронида шуд. Дар қатори кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов ба ҳашар баромада дар ободонии ноҳия ҳиссаи худро гузоштанд.

Омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи номбурда бехи дарахтонро нарм карда, ба рӯи гулҳои мавсимӣ об пошиданд ва саҳни як қатор биноҳои маъмурию муассисаҳои фарҳангиро тозаю озода карданд.