Сомонаи пешина | Дш, 20 Август 2018 | 10:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Варзиш гарави саломатист

 

Субҳи 2 июни соли 2018 кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зерсохтори он бо сарварии Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба Боғи Устод Рӯдакӣ рафта, ба варзиши пагоҳирӯзӣ машғул шуданд.


Баргузории чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан кормандони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ва муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҷониби Қумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, он аз Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, сарчашма мегирад. Он вақт аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд гардида буд: «Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».

Инчунин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон , ки 23 майи соли 2018 зимни вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ баён гардиданд, ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ «Рӯзи варзиш» эълон шудааст. Ҳадафи иқдоми мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа мебошад. Тибқи он кормандони вазорату идораҳо ва кумитаҳову ташкилотҳо ҳар рӯзи шанбе дар якҷоягӣ бо машқи пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд.