Сомонаи пешина | Чш, 24 Октябр 2018 | 02:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Кӯмаки Театри Бохтар ба сокинони зарардидаи ноҳияи Панҷ

Роҳбарият ва аҳли эҷоди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар даромади пулии аз сафари эҷодӣ ба даст овардаашонро ба сокинони ноҳияи Панҷ, ки аз селборони зиёд зарар диданд, хайрия намуданд.

Чанде қабл ҳайати эҷодии театр таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Сафаров бо намоишномаи «Тезии корд дар нӯги корд»-и А. Абдураҳмонов ба ноҳияи Панҷ сафари ҳунарӣ анҷом дода, наздики ду ҳазор сомонӣ маблағ ба даст оварданд.

Бо пешниҳоди Шӯрои бадеии театр ва Кумитаи иттифоқи касабаи театр аз маблағи мазкур харҷи сӯзишвории нақлиёт боздошта шуда, боқимондааш ба суратҳисоби бонки ноҳияи Панҷ барои кӯмак ба зарардидагон аз офати табиӣ гузаронида шуд.