Сомонаи пешина | Дш, 20 Август 2018 | 10:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти ҳисоботии коллеҷи хореографӣ баҳои баланд гирифт

 

Шоми 4 июни соли 2018 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертии ҳисоботии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова баргузор гардид.

Барномаи консертӣ ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин 15-умин солгарди фаъолияти Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова аз ҷониби аҳли толор ва меҳмонони чорабинӣ хеле хуб пазируфта шуда, баҳои баланд гирифт. 

Ба консерти ҳисоботӣ намояндагони мактабҳои олии соҳавӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шуда буданд, ки ба ҳунару истеъдоди муҳассилини муассиса офарин гуфтанд. 

Аҳли Коллеҷи хореографӣ ба тамошобинон дастагули зебоеро, ки иборат аз балет, рақсҳои муосири милливу классикӣ ва рақси минтақахои гуногуни кишвар буд, тақдим намуданд.