Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 05:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Соати тарбиявӣ таъсири нек дорад

 

6 июни соли 2018 хонандагони синфи 11 – и литсеи назди Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии баноми П. Бӯйдоқов дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии муассисаи таълимӣ дарси тарбиявиеро таҳти унвони “Мактаб – даргоҳи илму ҳунар” доир намуданд.

Дар рафти дарси тарбиявӣ мушоҳида гардид, ки хонандагони Литсеи назди Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов бо таъсири ҳунари овозхониву навозандагӣ ва маҳорату лаёқати рақсидану офаридани нақш дар саҳна бузургии фарҳангу ҳунарро эҳсос карданд. 

Аксарияти хатмкунандагони Литсей азм доранд, ки таҳсилашонро дар шуъбаҳои мусиқӣ – омӯзгорӣ, китобдорӣ, рӯзноманигорӣ ва ғайра идома диҳанд. Соати тарбиявиро роҳбари синф Ҷафаров Ҷафар дар сатҳи хуб ташкил ва баргузор намуд ва маъмурияти муассисаи таълимӣ ба ин омӯзгор арзи сипос намуданд.