Сомонаи пешина | Дш, 20 Август 2018 | 10:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нашри «Зоопарк» дар Санкт-Петербург

 

Дар нашриёти «Первый план»-и шаҳри Санкт-Петербург китоби нави нависандаи тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти унвони «Зоопарк» бо сифати баланд интишор ёфт.

Маҷмӯа интихобан 20 резаҳикоя, қиссаи «Зоопарк» ва пйеса барои театрҳои лӯхтак «Зодрӯзи рӯбоҳаки соддаяк»-ро фарогир аст. 

Дар қисми пешгуфтори китоб нависандаи рус, шореҳи мустақили адабиёт ва кино Анна Элвинская, Ҳунарпешаи шоистаи Россия Галина Бокашевская, рассоми машҳури ҷаҳонӣ Миша Ленн, муҳаққиқон Татяна Исабаева ва Мария Белостотская зимни андешарониҳо ба эҷодиёти адиб ва шахсияти ӯ баҳои арзанда додаанд. 

Маҷмӯа ба теъдоди 1000 нусха ба чоп расида, тарҷумаи онро ба забони русӣ Комиламо Камолова анҷом додааст.