Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 05:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти синфии омӯзгорон дар Консерватория

7 июни соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти синфии омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ Қурбони Қурбониён, Зиёев Муҳаммад ва Давлатов Қурбон баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ ансамбли мутрибони анъанавии Консерватория ва донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3 ҳунарнамоӣ карданд. 

Тамошобинон тавонистанд, ки аз оҳангҳои дилнавози композиторони шинохта Баҳром Қодиров, Ғуломалӣ Ғуломҳайдаров, Шариф Бедаков, Абдураҳмон Матхолов, Сайдалӣ Сабзалиев, Муҳаммадато Таваллоев ва дигарон баҳра бардоранд.