Сомонаи пешина | Дш, 20 Август 2018 | 10:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти шогирдони Манучеҳр Бурҳонов

 

8 июни соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти синфии омӯзгори кафедраи сарояндагии анъанавӣ Манучеҳр Бурҳонов баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ донишҷӯёни курси 3, 4 ва ансамбли Консерватория суруду оҳангҳои дилнавозро манзури меҳмонони чорабинӣ намуданд.

Хусусан суруди «Шукрона». (шеъри Гулназар, оҳанги Ф. Ҳасанов), «Гиряи ятим» (шеъри С. Шерозӣ, оҳанги М. Миров), «Як тан шавед» (шеъри Н. Сироҷӣ, оҳанги Ф. Ҳасанов), «Ваҳдат ва дӯстӣ» (шеъри Файзи Ашӯр, оҳанги Шариф Бедаков) ба ҳусни чорабинӣ ҳусн зам намуд. 

Манучеҳр Бурҳонов бо шогирдон «Фалаки Сафарӣ» -ро аз рубоиёти Ҳофиз дар сатҳи баланд иҷро намуд, ки аз ҷониби аҳли нишаст хеле хуш пазируфта шуд.