Сомонаи пешина | Дш, 20 Август 2018 | 10:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Конибодом

 

Дар шаҳри Конибодом дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ варзишгоҳи нави замонавӣ ба истифода дода мешавад.

Таҷлили ботантанаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Конибодом дар варзишгоҳи навбунёд сурат мегирад, ки аввалин чорабинии фарҳангӣ дар варзишгоҳи мазкур хоҳад буд.

Имрӯзҳо варзишгоҳҳо ба мавзеи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ табдил ёфта, бунёди чунин варзишгоҳҳо ба пур кардани фазои фарҳангӣ мусоидат хоҳанд кард. 

Варзишгоҳи нави муҷаҳҳази замонавӣ бо 10000 ҷои нишаст дорои тамоми шароити муосир хоҳад буд.