Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 05:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистон ватани азизи ман”

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади тарғиби зебогии табиати нодири Тоҷикистон, имконияту шароитҳои фароҳамоварда, инъикоси таърихи куҳанбунёд ва миллати фарҳангсолор, муносибатҳои дохиливу хориҷӣ ва тамоми дастовардҳои назаррас, баланд бардоштани ғурури миллӣ ва ҳисси беинтиҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ба ин васила тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, озодихоҳиву меҳанпарварӣ, садоқатмандиву ҷонфидоӣ дар роҳи нигаҳдошти марзу буми ватан озмун эълон менамояд.

Тибқи талаботи озмуни мазкур мақолаҳо то санаи 31 августи соли ҷорӣ қабул ва ғолибон аз ҷониби комиссияи босалоҳият иборат аз мутахассисони соҳа баҳогузорӣ ва муайян карда мешаванд.

Довталабон метавонанд мақолаҳои худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо ишораи “Ба озмун” тариқи электронӣ дар ҳаҷми то 6 саҳифа бо шрифти Times New Roman Tj шрифти 14 ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва хаттӣ ба унвонии Кумита пешниҳод намоянд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.