Сомонаи пешина | Чш, 24 Октябр 2018 | 02:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали бадеҳахонӣ, озмуни мақола ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Душанбе: дирӯз, имрӯз ва фардо» ҷамъбаст гардид

 

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе озмуни ровиёни ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан», Фестивали шаҳрии «Бадеҳахонӣ», Фестивали навозиши асбобҳои миллии мусиқӣ таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ», Фестивал-озмуни рассомони наврасу ҷавон таҳти унвони «Манзараҳои шаҳри ман», озмуни мақола ва иншои беҳтарин таҳти номи «Душанбе: дирӯз, имрӯз ва фардо» ва озмун-викторинаи радиоӣ дар мавзӯи «Шаҳри мо-хонаи мо»- ро ҷамъбаст намуд. Ин маросим дирӯз дар Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов» зимни баргузории ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мо ҷавонон-пайравони Пешвои миллатем!» доир шуда, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади озмун ва фестивалҳои мазкур  дӯст доштани Ватан ва ҳифз намудани  ҳар зарра обу хоки он буда, шумораи васеъи ҷавонони касбу кори гуногун ба он ҷалб карда шуданд.

Ҳамзамон дар маросими мазкур  ҷавонони фаъол, собиқадорони соҳа, намояндагони сохторҳои маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони воситаҳои ахбори омма ва варзишгарон барои саҳми арзанда ва ҳамкории судманд дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бо сипосномаву ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ «Ховар»