Сомонаи пешина | Дш, 18 Июн 2018 | 05:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъват барои иштирок дар озмун

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Чеченистон хоҳишмандонро барои иштирок дар X Фестивал-озмуни байналхалқии рақс ба номи Маҳмуд Эсамбаев даъват менамояд.

Фестивал-озмун 15-18 октябри соли 2018 дар шаҳри Грозний баргузор мегардад. Аризаи дархостӣ барои иштирок дар чорабинӣ аз 15 август то 15 сентябри соли 2018 қабул карда мешаванд. 

Барои иштирок дар фестивал-озмун гурӯҳҳои касбӣ, ансаблҳои рақсӣ, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии соҳавӣ даъват карда мешаванд. Мукофот барои шоҳҷоизаи озмун 100000 рубли русиро ташкил медиҳад. 
Кумитаи тадорукоти чорабинӣ масрафи нақлиёт, меҳмонхона ва хӯрду хӯроки иштирокчиёнро таъмин менамояд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба Сардори раёсати санъат ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Чеченистон Ташаева Роза Абдулмуслимовна бо рақамҳои телефонии 8 (8712) 22 23 51, 8 (928) 016 42 28 муроҷиат намоед. 
Нишонии электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.