Сомонаи пешина | Чш, 24 Октябр 2018 | 02:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Скрипканавозони моҳир барои иштирок дар озмуни байналхалқӣ даъват мешаванд

 

Аз 23 сентябр то 1 октбяри соли 2018 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия Аввалин озмуни байналхалқии скрипканавозони Виктор Третяков баргузор мегардад.

Барои иштирок дар озмун скрипканавозони ҳамаи кишварҳо, ки 16-32 сол доранд, даъват карда мешаванд. Мӯҳлати ниҳоии қабули аризаҳои дархостӣ 15 июни соли 2018 аст.

Озмун дар 4 давр баргузор гардида, ғолиби даври ҷамъбасти бо 900000 рубли русӣ мукофотонида мешавад. 

Барои дарёфти маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок дар озмун ба сомонаи www.violintretyakov.com муроҷиат намоед.