Сомонаи пешина | Сш, 20 Ноябр 2018 | 23:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Арӯси бесалиқа» аҳли толорро тасхир намуд

 

Шоми 30 июни соли 2018 дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе намоиши «Арӯси бесалиқа»-и 
Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ манзури тамошобинони саҳнаи театр гардид.

Дар ибтидои намоиш муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб меҳмононро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, оид ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи сарони ду кишвар ҳарф зад. 

Директори Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ Мирзо Азизов барои пазироии гарму ҷӯшони халқи тоҷик ташаккур гуфт. Ӯ ба саҳнаи театри тоҷик таъзим намуда, хоки онро ба чашмон молид ва онро саҳнаи муқаддас номид. 

«Мо пазмони ин лаҳзаҳои дидор бо Шумо будем. Мо аз номи 33 миллион аҳолии Ӯзбекистон ва Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев ба Шумо салом овардем», - гуфт Мирзо Азизов. «Мо инак идомадиҳандаи дӯстии устод Ҷомӣ ва устод Навоӣ хоҳем буд, ин дӯстиро то абад мустаҳкам хоҳем нигоҳ дошт. Минбаъд низ мо устод ва шогирд хоҳем буд» - иброз дошт Мирзо Азизов. 

Сипас ҳунармандони театри мазкур бо сурудҳои шӯху дилошӯб бо лаҳни тоҷикӣ ва ҳазлу шӯхӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд. 

Мазҳакаи «Арӯси бесалиқа» («Жайдари келин»), ки аз ҷониби ҳунарпешагони меҳмон рӯи саҳна омад, аҳли толорро комилан тасхир намуд. Ба назар чунин менамуд, ки тамошобинон ва ҳӯнарпешагон дар якҷоягӣ воқеаҳои намоишро аз сар гузарониданд. Маҳорати нотакрори ҳунарпешагон ва саҳнаҳои шӯху ҷаззоб бо садои осмонкафи кафкӯбӣ ва хандаҳои гулдуросӣ пазироӣ гардид. 

Мазҳака ба мавзӯи пос доштани оиладорӣ, меҳнатдӯстӣ, дида тавонистани ҳусни ботинии инсон бахшида шуда, нақши хушдоманро дар тарбияи арӯс ва мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон намоиш медиҳад.

Боиси зикр аст, ки 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов низ ҳаводорони санъати театрӣ ва дӯстдорони ҳазл намоиши мазкурро хеле хуш истиқбол гирифтанд. 

Гуфта мешавад, ки сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои ӯзбек дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва шинос гардонидани тамошобини тоҷик бо санъати театрии ӯзбек сурат мегирад.