Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД!»-дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон барномаи фарҳангӣ доир гардид

 

03.07.2018  дар толори «Ошёни булбулон»- и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон, ки ҳамасола 8 июл дар ҷумҳуриамон таҷлил мегардад,  таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад»  барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимни барнома директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода иброз дошт, ки     ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати  иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

«Аз замони ба даст омадани Истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Сарвари давлат  баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 8 июл Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад. Дар  назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соли 2012 то имрӯз шуъбаи хизматрасонии махсус (барои маъюбон) бо мақсади  алоқаи доимӣ пайдо кардан бо нафарони имконияташон маҳдуд фаъолият менамояд.

Ҳоло зиёда аз 900 нафар  шахсони маъюб тариқи шуъбаи мазкур ба Китобхонаи миллӣ аъзо буда, аксарияти онҳо ҳамарӯза аз хизматрасонии бевоситаи кормандони шуъба баҳра мебаранд»,- илова намуд Абдусалом Мирализода .

Тавре  роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев гуфт, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ  шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд. Ба иттилои номбурда, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Ба иттилои муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ҷунайдулло Салимов, то  1 июли соли равон дар қайди марказҳои саломатии шаҳрӣ 13 ҳазору 851 нафар маъюби таҳти назорат қарордошта  ба қайд гирифта шуда, аз онҳо маъюбони калонсол 11 ҳазору 162 нафар ва маъюбони то 18- сола 2 ҳазору 689 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар қисмати дуюми барномаи фарҳангӣ намоиши ҳунарҳои дастии тарроҳ Нигина Икромова пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Ҳамчунин сарояндагон ва ҳаҷвнигорони шинохтаи ҷумҳурӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

 

АМИТ «Ховар»