Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 11:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Созишномаи Намоишгоҳи таърихи халқи Тоҷик дар Осорхонаи «Гиме» ба имзо расид

 

3 июли соли 2017 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Созишномаи байни Тоҷикистон ва Фаронса оид ба баргузории Намоишгоҳи экспонатҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Франсия оид ба санъати кишварҳои Осиё «Гиме» ба имзо расид.

Созишномаро дар ҳузури Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода, ки куратори баргузории намоишгоҳи мазкур аст, ба имзо расонид. 

Хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки ба имзорасии созишномаи тарафайн далели боварӣ ба ҳамкории судманд ва оғози марҳилаи амалии корҳои омодагӣ мебошад. 

Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки баргузории Намоишгоҳи экспонатҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи номдори «Гиме» муаррифии арзандаи таърихи халқи тоҷик ба ҷаҳониён хоҳад буд. 

Хонум Ясмин Гуедар инчунин зикр намуд, ки барои Намоишгоҳи мазкур баъзе нигораҳо аз Осорхонаи Британия низ оварда мешавад. 

Инчунин зикр гардид, ки моҳи сентябри соли 2018 гурӯҳи коршиносон аз Фаронса ба Тоҷикистон меоянд ва бо ҳамроҳии гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон корҳои амалиро оид ба омода намудани нигораҳо шуруъ мекунанд. 

Намоишгоҳ оғози соли 2019 тӯли се моҳ дар шаҳри Париж ба маърази дӯстдорони таърих ва осорхонаҳо гузошта мешавад.