Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 11:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РӮЗИ ЧАКАНДӮЗОН ДАР ДУШАНБЕ. Ҳадаф-баровардани ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 7 июли соли 2018 аз соати 10:00 то 18:00 дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» маҳфили Рӯзи чакандӯзон баргузор мекунад.

Маҳфили мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад.

Ҳадафи маҳфил муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон мебошад.

7 июл, аз соати 10:00 то 18:00 дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» шаҳрвандон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти чакандӯзони кишварро доранд.

Ёдовар мешавем, ки 2 июл дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид ва он дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” ва толори Истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон то 2 августи соли равон идома меёбад. Дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсули меҳнати хешро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.

АМИТ «Ховар»