Сомонаи пешина | Яш, 23 Сентябр 2018 | 12:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БАҲРИ ФАРОҒАТИ ШУМО! Дар боғҳои фарҳангию истироҳатии пойтахт барномаҳои тафреҳӣ доир мегарданд

 

7-8 июли  соли равон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳр Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Каримҷон Салимзода хабар дод, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарии шаҳру навоҳии кишвар, муассисаҳои таҳлсилоти олӣ ва ҳунармандон баргузор гардида, дар онҳо беҳтарин санъаткорони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд.

7 июл  ҳунармандони Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ-эстетикии кӯдакону ҷавонон, Маҳфили ҳаҷвнигорони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, КВД «Ориёно» ва Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе дар Боғи «С. Айнӣ», ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ дар Боғи  устод «Рӯдакӣ» ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар «Майдони 800- солагии Москва» барномаҳои ҳунарии хешро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Инчунин 8 июл  бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ дар  дар Боғи «Парчами давлатӣ», шаҳри Роғун дар Боғи «Рӯдакӣ», шаҳри Ҳисор дар Боғи «Ирам», бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои Сирки давлатӣ ва  Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ — Маркази ҷумҳуриявӣ-эстетикии кӯдакону ҷавонон дар Боғи ба номи «Садриддин Айнӣ» барномаҳои фарҳангӣ доир  менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар Боғи   «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳои  пойтахт соати 19:00  оғоз мегарданд.

 

АМИТ «Ховар»