Сомонаи пешина | Дш, 19 Ноябр 2018 | 11:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз номи ҳайати ҳакамони Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи сипос ворид гардид.

Дар матни нома 10 нафар аъзои ҳакамони Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ, ки 29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт, барои пешвози самимӣ ва сатҳи баланди ташкил ва баргузории озмун изҳори сипос намудаанд. 

Дар матни нома омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори озмун муҳити мусоиди эҷодӣ фароҳам оварда, ба гуфтугӯи пурсамари фарҳангҳо мусоидат кардааст.


Аъзои ҳакамони озмуни мазкур намояндагони кишварҳои Россия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон буданд ва ба адабиёти ба озмун пешниҳод намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик» -ро, ки аз ҷониби Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик интишор ёфтааст, бо як овоз сазовори Шоҳҷоизаи озмун донистанд.

Инчунин чанд номгӯй китобҳои дар солҳои 2016-2017 нашршудаи Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд. 

Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ношириро ба уҳда дорад ва мутасаддии Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» мебошад.