Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 11:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунарҳои мардумӣ яке аз васоити асосии муаррифии таъриху фарҳанганд

 

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар деҳаи Панҷосиёби поёни Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар намоиш занон ва ҳунармандони деҳа маҳсули дасти худро ба тамошо гузоштанд.

Зикр шуд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Эҳё   гардидани  ҳунарҳои мардумӣ, аз  як тараф  истеъдоди баланди тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохта, аз тарафи дигар, барои паст кардани сатҳи бекорӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Ҳунармандон изҳор доштанд, ки дар ин сол яке аз дастгириҳои саривақтии Сарвари давлат ин аст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод гардид.

АМИТ «Ховар»