Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 11:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Пӯшидашавии мавсими театрӣ дар Театри Ҷавонон бо намоиши «Гумроҳон»

7 июли соли 2018 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов пӯшидашавии мавсими театрӣ баргузор гардид. 

Аҳли ҳунари театр ба мухлисони худ дар фарҷоми мавсими навбатӣ нахустнамоиши «Гумроҳон»-ро ба маъраз гузоштанд.

Муаллифи асар Далер Мирхонов буда, коргардон ва рассоми он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Эгамбердӣ Мингбоев мебошад. Саркоргардон Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилзода аст. 

Намоиш тамошобинро аз оқибати гаравидан ба гурӯҳҳои мамнӯъ ва сафар ба Сурия ҳушдор дода, дар бораи мушкилиҳои бешумори фирефташудагон нақл мекунад.


Далер Мирхонов ҳунарманди ҷавони театри мазкур буда, намоишро аз рӯи дидаву мушоҳидаҳояш эҷод кардааст. Ӯ худ дар намоиш нақши Бахтиёрро – писаре, ки ба Сурия рафта ҳалок мешавад, иҷро намудааст.

Дар намоиш зиндагӣ ва дарду аламҳое модаре, ки ду фарзанди гумроҳаш ба Сурия мераванд, инъикос ёфтааст. 

Нақшҳои марказиро дар намоиш Далер Мирхонов, Ватандор Шеров, Зарина Бадалова, Диловар Неъматов ва дигарон дар сатхи баланд иҷро намуданд.

Намоиш аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазироӣ гардид.