Сомонаи пешина | Яш, 23 Сентябр 2018 | 12:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар шаҳри Гулистон бо дастгирии саховатпешагон мактаби санъат сохта мешавад

 

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мактаби нави санъати замонавӣ сохта мешавад
Бинои замонавии мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 200 ҷой дар ду баст тибқи талаботи умумии муассисаҳои мактабӣ пешбинӣ шудааст.

Масоьати умумии қитъаи замини ҷудошуда барои сохтмони мактаби санъат 2500,0 м2 буда, барои сохтмони он аз ҷониби шахсони саховатпеша 5,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. 

Мактаби нав бо мақсади рушди санъат ва фарҳанги миллӣ, тарбияи истеъдодҳои ҷавон ва ҳифз намудани анъана ва арзишҳои миллию фарҳангӣ сохта мешавад.