Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷилди аввали осори пурраи Садриддин Айнӣ ба нашр расид

Соли равон дар мамлакат як зумра чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд, ки яке аз онҳо моҳи апрел таҷлил намудани 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ мебошад.

Дар робита ба ин Хона – музейи Садриддин Айнӣ аз нав таъмиру навсозӣ шуд. Пас аз он Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббус гирифт, ки осори пурраи Садриддин Айниро, ки ба он инчунин осори начандон маълуми устод, аз қабили осори публитсистие, ки дар он солҳо паҳну парешон гаштаву пурра гирдоварӣ нашуда буданд, ҷамъоварӣ ва аз нав ба нашр расонад. Ҳамин тавр, осори пурраи Садриддин Айнӣ рӯи чоп омад, ки дар маҷмӯъ он 26 ададро ташкил медиҳад.

Ҷилди аввал ашъори пеш аз инқилобии дар услуби классикӣ эҷодшударо дар бар гирифта, дар варақҳое ба нашр расидааст, ки он замон мавриди истифода қарор доштанд.

Китобро фонди адабии Садриддин Айнӣ ба табъ расонидааст.

Мансур СУРУШ,
Шореҳи адабии
АМИТ «Ховар»