Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар вилоти Суғд китобхонаи намунавиро муайян мекунанд

 

Дар вилояти Суғд Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» оғоз гардидааст.

Озмуни мазкур бо қарори Раиси вилояти Суғд ва бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиш ва ҳолати нигоҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон гузаронида мешавад. 

Озмуни мазкур то моҳи авгуфти соли 2018 идома ёфта, дар он 355 китобхонаҳои низоми фарҳанг иштирок мекунанд. 

Ҷаъбасти Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» дар Рӯзи китоб ба нақша гирифта шуда, ғолибони озмун бо Сипоснома ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.