Сомонаи пешина | Яш, 23 Сентябр 2018 | 12:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҲУНАР- БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР. Дар Конибодом аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва рассомӣ ташкил гардид

 

Дар шаҳри Конибодом бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамдастӣ бо ҳунармандону соҳибкорон аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи рассомон ташкил гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ҳадаф аз ташкили ин намоиш-фурӯшгоҳ, ки аз ду толор- толори маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва хонаи рассомон иборат аст, дастгирӣ ва муаррифии дастранҷи устоҳою ҳунармандони ин шаҳри бостонӣ мебошад. Инчунин ба ин восита муҳайё намудани фурӯшгоҳ барои меҳмонону сайёҳон баҳри шиносоӣ ва чун савғо бо худ бурдани армуғони нозуку хотирмон аз  дастранҷи ҳунармандони шаҳр арзёбӣ мегардад.

Ҳоло рафҳои толори маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро  маҳсули дасти ҳунармандони соҳибкасб, чун кешбоф Гулсун Аҳмадова,  муҳрабоф Муяссара Деҳқонова, гаҳворасоз Комилҷон Акрамов, сандуқсоз Суҳроб Зоҳидов, сабадбоф Абдувоҳид Нозиров, ҷомадӯз Мунаввара Юлдошева, тоқидӯз Шафоат Мамадҷонова, оҳангар Алиҷон Мамадҷонов ва дуредгарону челонгарони моҳир оро медиҳанд.

Ҳамчунин ба толори рассомон мусаввараҳои рассомони мониқалам – бародарон Абдувоҳид ва Зикрулло Абдуллоевҳо ва рассоми ҷавони лаёқатманд Бунёдҷон, ки  бештар доир ба манзараҳои зебои диёр асар меофарад, зеби тоза бахшида, тамошобинонро мафтуни худ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави мамлакат дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хосатан дар самти рушду сайқал додани намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ, ҳамзамон эҳё намудани баъзе аз намудҳои аз байн рафта аз ҷониби ҳунармандон ва масъулин корҳои назаррас роҳандозӣ мешаванд.

 

АМИТ «Ховар»