Сомонаи пешина | Ҷм, 21 Сентябр 2018 | 11:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар вилоти Суғд хонандаи беҳтарини китобҳои бадеӣ муайян мешавад

 

Дар вилояти Суғд Озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» оғоз гардидааст.

Озмуни мазкур бо қарори Раиси вилояти Суғд ва бо мақсади ҳавасманд гардонидани хонандагон, ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ роҳандозӣ гардидааст. 

Озмуни вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» дар Рӯзи китоб ҷамъбаст карда шуда, ғолибони озмун бо сипоснома ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда мешаванд.